Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии 24-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид

Апрель 21, 2018 10:38

ДУШАНБЕ, 21.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии 24-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Кумитаи машваратӣ аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, инчунин намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи  ИДМ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа дар доираи рӯзномаи тасдиқнамудаашон як зумра масъалаҳои  мубрами фаъолияти Иттиҳодро, ки ба ваколати Кумита дохил мешаванд, баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Аз натиҷаи  чорабинӣ протокол, ки ҳавасмандии минбаъдаи Тарафҳоро ҷиҳати рушди ҳамкории хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба масъалаҳои матраҳшуда, инъикос менамояд, имзо гардид.

Апрель 21, 2018 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад