Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид

Апрель 13, 2018 15:52

ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Иҳаб Аҳмад Талат Наср  мулоқот намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ, байнипарлумонӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар робита ба ҳамкории байнипарлумонӣ пешниҳод гардид, ки гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъсис дода шавад. Боиси тазаккур аст, ки ин гурӯҳ дар раванди ба тасвиб расонидани санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба саҳми намоён гузошта, ҷиҳати густариши бештари ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Акрамшо Фелалиев таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Миср дар мавриди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд. “Мо омодаем, ки дар арсаи байналмилалӣ, махсусан дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва ҳамкорӣ бо Мисрро идома диҳем”, — афзуд А. Фелалиев.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Иҳаб Аҳмад Талат Наср дар навбати худ  аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар ва ҳамчунин аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушнудӣ намуд.

 

 

 

Апрель 13, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд