Дар Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» оғоз гардид

Апрель 19, 2018 09:06

ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрели соли равон дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» байни маҳаллаҳо, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун 14 нафар ҳунармандони маҳаллаҳои «1-май», «Ҷаббор Расулов», «Содирхон Ҳофиз» ва «Сари баландӣ» иштирок карда, намунаи ҳунари хешро ба ҳайати доварон пешкаш намудаанд.

«Аз рӯи натиҷаи даври аввали озмун, қуроқдӯз Каромат Ашӯрматова аз маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» дар бахши «Беҳтарин ҳунар», кешбоф Башорат Ваҳҳобова аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» дар бахши «Беҳтарин муаррифӣ», асбоби мусиқисоз Абдуғаффор Абдусамадов аз маҳаллаи «1 май» дар бахши «Оилаи ҳунарманд», кулолгар Ғаниҷон Зокиров аз маҳаллаи «Сари баландӣ» дар бахши «Беҳтарин устод» ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрии озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» роҳхат гирифтанд», — омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Дирӯз, 18 апрел низ дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ байни ҳунармандони маҳаллаҳои «Темуралик», Тиллокон» ва «Мевағул» озмун идома ёфт. Дар даври аввали озмун ҳунармандони 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, барои ба даст овардани роҳхат ба даври шаҳрӣ кӯшиш хоҳанд кард.

Иттилоъ дода мешавад, ки озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» дар Рӯзи оила натиҷагирӣ шуда, ба ғолибон туҳфаҳо ва дипломҳо тақдим мегарданд.

 

Апрель 19, 2018 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад