Дар Маҷлиси намояндагон таҳти унвони «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» мизи мудаввар доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар мавзӯи ҳамоиш маърӯза намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаҳо собит месозанд, ки истифодаи оқилонаи замин аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба замин, ки рушди ояндаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии онро ба танзим медарорад, вобастагӣ дорад.
Таъкид гардид, ки масъалаи ташаккули бозори ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар кишвар бояд саривақт ҳалли худро ёбад, то имконият барои ба танзим даровардани муносибатҳо дар тақсимот, идоракунӣ ва мувофиқаи хароҷоту даромадҳо аз истифодаи захираҳои замин таъмин карда шавад.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин роҳбари Лоиҳаи «Рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар чорчӯбаи Барномаи «Озуқаворӣ ба хотири фардо» дар Тоҷикистон» Чинора Арапова, масъули лоиҳа оид ба мушкилоти мубрами қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Исмоилов ва мушовири байналмилалии лоиҳа оид ба андозбандӣ Андрей Красников оид ба мақсаду вазифаҳои лоиҳа баромад намуданд.
Дар анҷоми мизи мудаввар доир ба мавзӯъҳои маърӯзагардида табодули афкор сурат гирифт.










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






