Дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ ташкил гардид. Аз ин хатсайр, ки дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, фарогири сайёҳати табобатию солимгардонӣ ва истироҳатии ноҳияи мазкур мебошад, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ дидан намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, инчунин маркази табобатию солимгардонӣ, ки бо ташаббуси табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ дар мавзеи Путхини ноҳияи Айнӣ бунёд ёфтааст, ба хатсайри нави сайёҳӣ шомил гардида, минбаъд ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хизматрасонии онро ба сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, пешниҳод месозанд.
Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Айнӣ дорои табиати нотакрор буда, барои рушди туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва туризми экологӣ мувофиқ мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ зиёд буда, маъмултарини онҳо манораи Варзи Манор ва кӯли «Искандаркӯл» мебошанд, ки миёни сайёҳони хориҷӣ шуҳратманданд.
Иштирокдорони ҳамоиш инчунин аз хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






