Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ ширкати сайёҳии ҶДММ “Морхур” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён” –ро бунёд намуд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонхонаи мазкур аз ду ошёна ва 15 кат иборат мебошад.
Зимни муаррифии имкониятҳои меҳмонхонаи мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ шудани рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, як қадами устувор аст ҷиҳати зиёд гардидани иншооти соҳаи сайёҳӣ ва тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт. Сохта ба истифода додани меҳмонхонаи “Шикорчиён” мисоли равшани ин гуфтаҳост”.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва хусусан сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дорад.
Сайёҳии шикор дар Тоҷикистон аллакай як навъи маъмули саёҳат ба ҳисоб рафта, барои шикори ҳайвоноти нодир тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаҳо ҷудо карда мешавад. Шикор бо риояи қонунгузорӣ сурат мегирад. Аз моҳи апрел то моҳи сентябр давраи нашъунамо, наслгирӣ ва зиёдшавии саршумори ҳайвонот мебошад.
Ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнӯъгоҳи «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Ноҳияи мазкур ҳамчун минтақаи транзитӣ ба ВМКБ имкони ҷалби сайёҳони зиёдро дорад ва ба истифода додани меҳмонхонаи мазкур барои қабули сайёҳоне, ки бо мақсади шикор ба кишвари мо ташриф меоранд, айни муддаост.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






