Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати калон дар Бозиҳои Осиё-2018 иштирок хоҳад кард

Апрель 26, 2018 09:33

ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018, ки ҷиҳати иштирок дар чорабинии варзишии «Дав барои хушҳолӣ» ба Душанбе ташриф оварданд, мулоқот кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот зикр шуд, ки тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон ҳазорон толору иншооти варзишӣ сохта шуда, наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда мешаванд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамкории ҳасана дорад. Аз ҷумла, бо маблағгузории Шӯрои олимпии Осиё ҳоло дар шаҳри Душанбе сохтмони як майдончаи варзишӣ идома дорад, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд. Дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ дар Тоҷикистон ҳар сол чандин чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ мусоидат менамоянд.

Пас аз мулоқот бо иштироки А. Абдуллозода ва ҳайати меҳмонон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз барои иштирок дар Бозиҳои Осиё-2018 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 272 нафар, аз ҷумла, 188 варзишгарро аз рӯи 18 намуди варзиш аз ҷараёни бақайдгирӣ гузаронид. Омодагӣ ба бозиҳо ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, бо даст додани имкон дастаи Тоҷикистон дар ҳайати калон дар бозиҳо иштирок хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиё-2018 аз 18 август то 2 сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия аз рӯи 40 намуди варзиш ва 462 қувваозмоӣ баргузор мегардад.

Апрель 26, 2018 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад