«МАЛИКАИ ХУФТА». Солистони балети Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон ба ҳаводорони ин намуди санъат дар Тоҷикистон намоиш манзур мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли 2018 соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши балети П. И. Чайковский «Маликаи хуфта» бо иштироки солистони Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ӯзбекистон Нодира Ҳамроева ва солисти балети театри мазкур Улуғбек Олимов манзури ҳаводорони ин намуди санъат мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиш бо ташаббуси роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани созишномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин шинос намудани аҳли санъат ва тамошобини тоҷик бо ҳунарпешагони варзидаи ӯзбек ташкил шудааст.
Бояд зикр намуд, ки иштироки ҳунарпешагони балети Ӯзбекистон дар театри тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бори аввал аст. Дар намоиш инчунин донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова» ҳунарнамоӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






