«Масъалаҳои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар заминаи Истиқлолият ва худшиносии миллӣ», — Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Масъалаҳои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар заминаи истиқлолият ва худшиносии миллӣ» Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ ва эҷодӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур олимон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла доктори илмҳои таърих, дотсент, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи шаҳри Барнаули Федератсияи Россия Елена Полякова, муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ, устодону донишҷӯёни донишкада иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Хайриддин Идиев дар сухани ифтитоҳии худ мавзӯи «Моҳият ва дурнамои рушди ҳаёти маънавии ҷомеа дар шароити муосир» — ро ба риштаи таҳлил кашида, иброз дошт, ки ғояи асосӣ ва стратегии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вусъати раванди бебозгашти ҷаҳонишавӣ барои даҳсолаҳои минбаъда дар заминаи андешаи хеле дақиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» роҳандозӣ гардида, он ба ташаккули олами маънавию фарҳангии тоҷикистониён дар асоси ҷаҳонбинии мувофиқ ба манфиатҳои миллиамон мусоидат намуд.
Ба гуфтаи номбурда, меҳвари ин ҷаҳонбиниро меҳру садоқат ба Ватан, ҳисси баланди масъулият ва саъю талош дар самти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ташкил медиҳад. Ин омилҳо батадриҷ фарҳанги ахлоқию эстетикиеро ташаккул хоҳанд дод, ки пеши роҳи бисёр иллату костагиҳои иҷтимоии ба ҷисми ҷомеа таъсири манфӣ расонандаро хоҳанд гирифт. Аз ин рӯ, дар замони муосир рушди фарҳанг ва неруи фарҳангӣ ба ҳайси афзалиятҳои миллии аксарият халқу кишварҳои олам пазируфта шудаанд.
Зикр гардид, ки дар ҷомеаҳои мутамаддин фарҳанг ҳамчун воситаи тавонои ташаккули мафкураи миллӣ, таъмини рушди маънавӣ, муаррифигару муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Муносибати нав нисбат ба дарки моҳияти фарҳанг зарурати ташаккули муҳити нави иҷтимоӣ-фарҳангиро тақозо менамояд, ки тавассути он дар ҷомеа муносибат ба фаъолияти эҷодӣ ҳамчун омили асосии пешрафти шахс ва давлат тағйир меёбад. Дар чунин шароит фарҳанг ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеа имкон медиҳад, ки баъзе намудҳои санъат, муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили индустрияи кино, аниматсия, фаъолияти консертӣ ва театрӣ ба сатҳи аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатовар бардошта шаванд.
Ба гуфтаи Хайриддин Идиев, бо назардошти он ки фарҳанг, бахусус тамоили ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри XXI мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз падидаҳо ва зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Дар ин радиф талабот нисбат ба сатҳу сифати таълим, фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навро ба уҳда мегирад, ба маротиб меафзояд. Вобаста ба ин, дар ҳар як марҳилаи такомули давлатдории миллӣ мақсаду вазифаҳои фарҳанги миллӣ мушаххас гардида, тибқи он, бояд стратегияи наву ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа тарҳрезӣ ва ба ин васила барои беҳдошти симои маънавӣ, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва ҳунари эҷодгарии афроди ҷомеа фазои мусоид фароҳам ояд.
Баъдан конференсияи мазкур бо иштироки мутахассисони соҳа, таҳлилгарон ва устодону донишҷӯён дар шаш бахш ҷараён гирифт. Иштирокдорон перомуни мавзӯъҳои «Нақши кино, театр ва телевизион дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ», «Масъалаҳои ҳифзи фарҳанги миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷаҳони муосир», «Фаъолияти китобхонаҳо дар тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ», «Мусиқӣ чун омили ташаккули худшиносии миллӣ», «Истиқлолият ва масъалаҳои омӯзиши ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ», «Забон унсури фарҳанги маънавӣ ва худшиносии миллӣ» табодули афкори судманд намуда, барои пешрафти соҳаҳои мавриди баҳс пешниҳодҳои мушаххас ироа доштанд.
Бахши ҳафтуми Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ ва эҷодӣ ба 5500 — солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон бахшида шуда, 28 апрел дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ — кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо намоиши бозёфтҳои таърихии Саразм ва Панҷакенти қадим баргузор мегардад. Дар ин бахш сенздаҳ маърӯзаи илмӣ, аз ҷумла «Сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», «Саразм ибтидои ташаккулёбии шаҳрдорӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии тоҷикон», «Нақши телевизион дар ҳифз ва ташаккули фарҳанги бадеӣ», «Саразм шаҳраки ёдгории мероси умумибашарии ЮНЕСКО», «Панҷакенти қадим ва тамаддуни суғдӣ» ва ғайраҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ ва эҷодии «Масъалаҳои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар заминаи истиқлолият ва худшиносии миллӣ» се рӯз идома меёбад.