ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ! Пайваст гардидани низоми энергетикии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавқеи ҷумҳурии моро чун давлати тавлидкунандаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон дар бозори энергетикии ҷаҳон устувор мегардонад

Апрель 3, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 03.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем,  2 апрели соли 2018 дар муносиботи ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамҷавор — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз як рӯйдоди муҳим ва фараҳмандкунанда ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз бо гузашти 9 соли таваққуф  низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст гардид.

Ин рӯйдод  самараи неку муваффақонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018  сурат гирифт ва натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон   ва  Шавкат Мирзиёев, инчунин Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад, ки моҳи январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе  сурат гирифт.

Сардори  Хадамоти  марказии танзими   ширкати саҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» Одинамуҳаммад Чоршанбиев дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мусаллам аст, ки аз моҳи октябри соли 2009 то ин вақт низоми энергетикии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми  энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо гардида буд, ки ин ба коҳиш ёфтани содироти неруи барқи тавлидотии мамлакат  ба хориҷи кишвар сабаб гардид. Мавсуф афзуд, ки дар ин муддат  роҳбарияти ширкати «Барқи Тоҷик» дар мусоидат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми саъю талошро ҷиҳати пайваст намудани низоми энергетикии мамлакат ба ҳалқаи  энергетикии Осиёи Марказӣ, ки он тавассути низоми  энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад, равона намуда,  як қатор корҳои таъмиру барқарорсозиро дар хатҳои барқи баландшиддати  кандашуда ба анҷом расонид.

Аз пайваст шудани низоми энергетикии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари  мо чӣ манфиат мегирад? Дар посух ба ин савол корманди масъули ширкати «Барқи Тоҷик» гуфт, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари болооб ва   дорои захираҳои бои обию энергетикӣ буда, дар маҷмӯъ захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон   беш аз 527 миллиард кВт-соатро ташкил медиҳанд. Дар сурати  қисман аз худ кардани он Тоҷикистон имкон дорад тамоми кишварҳои минтақаро бо неруи барқи аз лиҳози  экологӣ  тоза ва  арзон таъмин намояд, зеро бархе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ аз низоми  сӯзишвории табиӣ, назири марказҳои барқу гармидиҳӣ  истифода мебаранд.

Инчунин пайваст гардидани низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалқаи энергетикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон дар  бозори энергетикии ҷаҳон  устувор мегардонад.

Инчунин ин раванд ба рушди соҳаи гидроэнергетикаи мамлакат таъсири мусбат расонида, дар таъмини яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-  ноил гардидан ба  истиқлолияти энергетикӣ  ва аз ҳама бештар, ба таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус бо Ӯзбекистон  ва таъмини ҳамгироӣ бо кишварҳои  Осиёи Марказӣ қадами муассир арзёбӣ мегардад.

 Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад