ОБУ ҲАВО: Агентии обуҳавошиносӣ аз боридани боронҳои пуршиддат дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.
Имрӯз, 17 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борону жола ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 5-10 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 5-7 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






