Осори хаттии нодири Алишери Навоӣ дар Маркази осори хаттии Тоҷикистон маҳфуз аст

Апрель 17, 2018 08:35

ДУШАНБЕ, 17.04.2018, /АМИТ «Ховар»/. Дар базми Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарони ҳарду давлати дӯсту ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев робитаҳои адабӣ ва эҷодӣ, муносибат ва муколамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро олитарин намунаи дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику ӯзбек унвон карданд. Таъкиди сарони ду кишвар олимону пажуҳишгарони соҳаи адабиётро водор намуд, ки паҳлӯҳои гуногуни эъҷодиёти ин ду нобиғаро бори дигар варақгардон намоянд.

 Чанде пештар, директори Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек НАЗРИЕВ дар бораи осори хаттии Алишер Навоӣ, ки дар Тоҷикистон маҳфуз аст, изҳори назар намуд. Барои тафсири бештари ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Ҷӯрабек Назриев суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки дар Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом осори хаттии Алишер Навоӣ нигоҳ дошта мешавад?

 Ҷӯрабек Назриев: Нақши Алишер Навоӣ дар муҳити шеъру адаби тоҷикӣ хеле зиёд аст. Ӯ мухлис ва шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ буд ва устоди худро эҳтироми зиёд мекард. Дӯстии Ҷомиву Навоӣ бисер самимӣ ва пок буд. Алишер Навоӣ бо тахаллуси Фонӣ шеърҳои тоҷикӣ ҳам менавишт. Академик Абдуғанӣ Мирзоев бо номи «Ҷомӣ ва Фонӣ» китоб нашр кардааст, ки дар он шеърҳои бо забони тоҷикӣ навиштаи Алишер Навоӣ гирд оварда шудаанд.

Яке аз олимони дигари мо Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ дар пайи таҳқиқ ашъори Фонии аслро дар ганҷинаи осори хаттии Ӯзбекистон пайдо кард ва дар яке аз кишварҳои хориҷӣ ба табъ расонид. Имрӯз нусхаи китоби Фонӣ, ки ба Алишер Навоӣ тааллуқ дорад, ба чоп омода аст ва агар имконият пайдо шавад, нашр хоҳад шуд.

Солҳои 1960 Абдуқодир Маниёзов асари «Хамсат ул-мутаҳайирин»-и Алишер Навоиро зери назари Раҳим Ҳошим ба форсӣ баргардонид. Нусхаи туркии «Хамсат ул-мутаҳайирин» низ дар Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Тазкираи «Маҷолис ул-нафоис»-и Алишер Навоӣ ҳам ин ҷо нигоҳ дошта мешавад. Соли 1522, баъди 18 соли фавти Алишер Навоӣ ин асар бо номи «Латоифнома» ба забони форсӣ баргардонида шуд. Ин асар ҳам дар ганҷинаи мо вуҷуд дорад.

Бояд тазаккур дод, ки асарҳои зиёди дигари Алишер Навоӣ дар Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, ки мо ният дорем чанде аз онҳоро ба забони тоҷикӣ баргардонем ва ба чоп омода намоем.

АМИТ «Ховар»: Аз осори хаттии Алишер Навоӣ, ки дар Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, дар Ӯзбекистон то кадом андоза хабар доранд?

Ҷӯрабек Назриев: Дар Ӯзбекистон ин нусхаҳо, албатта ҳастанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки то асри 19 дар минтақаи Осиёи Марказӣ забони тоҷикӣ забони илм ва адабиёт буд. Шоирону нависандагони он замон ҳам кӯшиш мекарданд, ки асарҳояшонро бо забони тоҷикӣ нависанд. Аз ин ҷост, ки Алишер Навоӣ ҳам бо забони тоҷикӣ ашъори зиёд дорад. Аммо, баъдтар бо маслиҳати Абдураҳмони Ҷомӣ Алишер Навоӣ бо забони туркӣ навиштанро оғоз намуд ва ба адабиёти туркӣ-чағатойи дар Ӯзбекистони имрӯза асос гузошт.

Яъне, олимони ӯзбек ҳам медонанд, ки дар Тоҷикистон осори зиёди шоирону нависандагони ӯзбек мавҷуданд ва бояд омӯхта шаванд.

АМИТ «Ховар»: Барои омӯзиши осори хаттии Алишер Навоӣ, ки дар Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, то имрӯз аз ҷониби олимону пажӯҳишгарони ӯзбек муроҷиат шудааст?

Ҷӯрабек Назриев: Дар гузашта ҳам байни олимони тоҷик ва пажӯҳишгарони ӯзбек робитаи илмӣ ва ҳамкорӣ вуҷуд дошт, аммо пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳ барои робитаҳои илмӣ боз шуд ва умед аст, ки дар оянда ҳамкорӣ боз ҳам қавитар гардад.

Барои омӯзиши осори хатти Алишер Навоӣ аз ҷониби олимони ӯзбек муроҷиатҳо ҳастанд ва фикр мекунам, акнун омӯзишу таҳқиқи осори адибони гузаштаи ҳарду кишвар дар сатҳи хеле боло сурат хоҳад гирифт. Мо омодаем барои олимони кишвари дӯсту бародар ва ҳамсояи Ӯзбекистон шароит фароҳам орем, то ки онҳо осори хаттии сардафтари адабиёти хешро, ки дар Маркази осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, таҳқиқ намоянд. Ҳамчунин, умед мекунем, ки осори дар Ӯзбекистон будаи шоирону матафаккирони тоҷик низ ба таври васеъ омӯхта мешавад.

АМИТ «Ховар»: Оё дар самти омӯзиши осори хаттӣ дар ҳарду кишвар корҳои амалӣ анҷом дода шуда истодаанд?

Ҷӯрабек Назриев: Албатта, нақшаҳои зиёде ҳастанд, ки мехоҳем дар оянда амалӣ гардонем.  Акнун, ки муносибатҳо дар сатҳи хеле олӣ қарор доранд, мо ҳам кӯшиш мекунем, дар ҳамкорӣ бо олимону пажӯҳишгарони ӯзбек корҳои зиёди амалиро иҷро намоем.

АМИТ «Ховар»: Дар Шоми дӯстӣ роҳбарони ҳарду кишвар аз дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ бо ифтихор ва самимияти беандоза ёд карда, таъкид намуданд, ки дӯстии ин ду шоир рамзи дӯстии ду кишвар – Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ба андешаи Шумо, муносибати дӯстонаи Ҷомӣ ва Навоӣ то кадом андоза метавонад барои таҳким ёфтани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши муҳим бозад?

Ҷӯрабек Назриев: Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки роҳбарони сиёсии ҳарду кишвар тавонистанд аз худ иродаи қавии сиёсӣ нишон диҳанд.  Дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳазорсолаҳо ин ду миллат бо ҳам дӯсту бародар буданд ва якҷо зиндагонӣ доштанд.

 

Ҷасур АБДУЛЛО

 

 

 

Апрель 17, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад