Рушди парламентаризм ва такмили раванди қонунгузорӣ

Апрель 5, 2018 11:04

«Имрӯз Парламенти касбӣ ба сифати як шохаи ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар нақши назаррас иҷро менамояд».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 05.04.2018/АМИТ «Ховар»/. Мақоми қонунгузори кишвар  дар зарфи 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар радифи иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.

Ин нуктаро муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуҷаббор Азизӣ дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки дар  мавзӯи «Нақши Парлумони касбӣ дар инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар Душанбе доир гардид, баён кард. Таъкид шуд, ки дар заминаи панҷ интихоботи даврии парлумонӣ халқи Тоҷикистон мақомоти қонунгузории кишварро дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015 дар ҳайатҳои нав таъсис дода, роҳи қонунии бунёди давлати мустақил ва демократии Тоҷикистонро рушд бахшид. Дар ин давра низоми қонунгузорӣ бо се раъйпурсии умумумихалқӣ се ислоҳоти конститутсиониро (солҳои 1999, 2003, 2016) ҳамчун давраҳои рушди низоми ҳуқуқии давлат паси сар кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар конфронс вакилони Маҷлиси намояндагон,  намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ва олимон  ширкат доштанд.

«Дар фаъолияти қонунгузорӣ ва низоми субъектони қонунэҷодкунанда дар масири рушди давлатҳо аз даврони бостон то ба имрӯз мақоми коллегиалӣ, машваратӣ ва дастҷамъона, ба мисли шӯро», «сенат», «маҷлис» ва «парламент» нақши бориз доштанд. Дар раванди давлатсозӣ ва қонунэҷодкунии ҷумҳурии мо низ дар замони муосир нақши Парлумон ҳамеша ҳалкунанда ва тақдирсоз буд»,-иброз дошт зимни конфронс Абдуҷаббор Азизӣ.

Мавсуф афзуд, ки Парлумони кишвар дар зарфи солҳои истиқлолияти  давлатӣ ҳамроз ва ҳамнавози андешаҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин аст, ки халқи Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ дар саргаҳи ислоҳоти азими қонунгузорӣ қарор гирифта, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини дунёро қабул намуд.

А. Азизӣ таъкид кард, ки фаъолияти қонунгузории давлати мо дар симои Парлумон тайи ин муддат ду давра –то соли 2000   давраи фаъолияти парлумони даъватӣ ва аз соли 2000-ум то ба имрӯз давраи фаъолияти Парлумони касбиро паси сар намудааст. Мақоми қонунгузор то ба имрӯз бо таҷрибаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ифодаи иродаи халқ зимни ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ, ваҳдати миллӣ, бунёд ва тавсеаи шоҳроҳи ҳуқуқии давлати демократӣ нақши таърихии худро иҷро мекунад.

Парлумони Тоҷикистон дар баробари истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ роҳи таърихии ҳуқуқэҷодкунии мамлакатро дар пайвастагӣ бо манфатҳои миллӣ таҳия намуда, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар таҳияи низоми ҳуқуқии кишвар, тавсеаи демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократию дунявии халқи тоҷик нақши муҳим мебозад.

 

Апрель 5, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд