Шоми имрӯз Меҳрона Ғайбуллоева дар даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!»-и шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия ҳунарнамоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 30 апрел соати 22:00 ба вақти Душанбе (20:00 бо вақти Москва) дар шабакаи телевизионии «НТВ» даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») баргузор гардида, дар он намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева иштирок мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази мабуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов буда, моҳи феврали соли равон дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии «НТВ»-и Федератсияи Россия ширкат варзид ва ба даври дуюм роҳ ёфт.
Бояд гуфт, ки озмуни «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони соҳибистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд. Ба озмуни «Ту беҳтарин!» ҳамасола беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Дар озмуни мазкур 82 навраси аз 8 то 18-сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд. Меҳрона низ яке аз беҳтаринҳое мебошад, ки дар байни 82 нафар ҳунарнамоӣ карда, баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гардид. Меҳрона аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, хатмкардаи Мактаб– интернати №1–и шаҳри Душанбе мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






