Суғд: дар се моҳи аввали соли 2018 беш аз 24 ҳазор метр матои дастибофи атласу адрас истеҳсол шуд
ХУҶАНД. 27.04.2018. /АМИТ “Ховар”/. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин доир ба эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин васила ҷалб намудани занону духтарони бекор ба касбомўзӣ ва таъмин намудани онҳо бо шуғли доимӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла, барои рушд ва ҳамоҳанг намудани фаъолият оид ба эҳёи адрасу атласбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзонидани касб, таъминот бо ашёи хом ва ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар маркази вилоят Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” таъсис дода шудааст.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” сармутахассиси муассисаи мазкур Қаҳрамон Ҷӯраев иттилоъ дод, ҳоло дар миқёси вилояти Суғд 264 марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ бо насби 1083 адад дастгоҳ фаъолият дошта, аз он 193 адад ба атласу адрасбофӣ ва 71 адад ба қолинбофӣ машғул мебошад.
“Танҳо дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби ҳунамандони ин марказҳо 24 ҳазору 082 метр матои дастибофи атласу адрас истеҳсол гардида, аз он 22 ҳазору 868 метр ба фурӯш бароварда шуд. Инчунин, аз ҷониби ҳунармандон — қолинбофон 5493 метри мураббаъ қолин истеҳсол карда шуда, 4466 метри мураббаи он ба фурӯш рафт”, — гуфт Қ.Ҷӯраев.
Дар маҷмӯъ то 20 апрел дар давоми як соли охир дар вилоят 210 ҳазору 532 метр матои дастибофи атласу адрас ва 14 ҳазору 773 метр матоъҳои дастибофи дигар, аз қабили бекасаб, алоча ва ғайраҳо истеҳсол гардида, аз он 201 ҳазору 128 метр атласу адрас ва 13 ҳазору 115 метр матоъҳои дигар ба фурӯш бароварда шуд.
Имрӯз дар қаламрави вилоят шумораи ҳунармандоне, ки фаъолияти атласу адрасбофӣ доранд, 5318 нафарро ташкил дода, аз он 792 нафар устодон ва 4540 нафари дигар шогирдон мебошанд. Ҳамзамон шумораи ҳунармандоне, ки дар хонаҳои худ фаъолият доранд, 356 нафарро ташкил дода, аз он 193 нафар ба атласу адрасбофӣ ва 163 нафари дигар ба қолинбофӣ машғуланд. Дар маҷмӯъ, имрӯз теъдоди умумии ҳунармандони дар вилоят фаъолиятдошта беш аз 22 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин замина бояд тазаккур дод, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти вилоятиву шаҳри ва маҳаллӣ баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба ҳунармандони муваффақ грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ супорида мешаванд, ки ин иқдом низ ба рушди ин соҳа мусоидатгар мебошад. Ҳамчунин дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба намояндагони аҳли ҳунар як зумра имтиёзҳо дода шуд. Аз ҷумла, зиёда аз 105 намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки истеҳсоли онҳо дар хона ба роҳ монда шудааст, аз андоз озод карда шуданд, ки ин тадбир ба рушди ин соҳа мусоидат мекунад
Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,
АМИТ “Ховар”








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






