Суғд: таъсиси 60 гранти раиси вилоят барои дастгирии занони ҳунарманд
ХУҶАНД. 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори раиси вилояти Суғд, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, рушди ҳунарҳои дастӣ ва дар ин замина таъмин намудани занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва тақвият бахшидан ба меҳнати хонагӣ, аз ҷумла, намудҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 60 гранти раиси вилоят таъсис дода мешавад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, тибқи қарори мазкур, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ буда, ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.
Хотиррасон бояд намуд, ки соли гузашта дар ин ҷода 45 нафар занони ҳунарманд барои рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон муваффақ гашта, соҳиби гранти раиси вилоят гардида буданд.
Инчунин, то имрӯз дар вилоят 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла, 191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ ва 71 маркази таълимии қолинбофӣ бо фарогирии 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 дастгоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 735 нафар ҳунармандон ба 3895 нафар шогирдон нозукиҳои ин ҳунарҳоро меомӯзонанд. Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла, 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудаанд.
Давоми соли гузашта тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ 4226 нафар сокинон ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, бо нозукиҳои касби қолинбофӣ 299 нафар, сӯзанидӯзӣ 23 нафар, қуроқдӯзӣ 42 нафар, гулдӯзӣ 126 нафар, адрасбофӣ 523 нафар ва оҳангарӣ 54 нафар шинос гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






