ТАҶАЛЛИИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Имрӯз-Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона

Апрель 2, 2018 14:52

ДУШАНБЕ, 2.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 2 апрел чун Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ҳанӯз аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (International Board on Books for Young People, IBBY), ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона шурӯъ гардида буд.  Дар ин рӯз тавассути Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (IBBY) ба муносибати бузургдошти мақоми китоби кӯдакона ва адабиёти кӯдакону наврасон дар кишварҳое, ки узви ин созмон ба шумор мераванд, маросими бошукӯҳ баргузор карда мешавад.

Аз қадимулайём тараққиёти ҷомеа ба китоб вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки китобро манбаи илму дониш ва сарчашмаи диёри ақл меҳисобанд. Тавассути китоб одамон аз асрори илму дониш, адабиёту фарҳанг ва иқтисодиёту сиёсат воқиф гардида, ҷаҳонбинии маънавии худро ғанӣ мегардонанд.

Пайдоиши китоб таърихи тӯлонӣ дорад. Инсоният дар даврони пешин донишашонро дар рўи санг, чўб, сафол, устухон, баргу пўсти дарахтон ва пўсти ҳайвонот ҳаккокӣ мекарданд.

Баробари кашфи папирус дар Миср китобҳои папирусӣ арзи вуҷуд карданд. Баъдан пайдо шудани коғаз дар Чин дар чопи китоб инқилоби нав ба миён овард. Китобнависӣ ва чопи он тараққӣ карда, боиси пайдо гаштани китобхонаҳо гардид. Дар асри III то милод дар Миср китобхонаи Искандария бунёд мегардад, ки дар он қариб 700 ҳазор ҷилд китоб нигоҳ дошта мешуд. Китобхонаи калонтарин  ва шўҳратёфтаи замони Сомониён «Гаҷинаи ҳикмат» ном дошт.

Дар асри XV аз ҷониби Иёҳан Гутенберг ихтироъ шудани воситаи чопии урупоӣ дар кори китобчопкунӣ давраи нав кушод. Дар Осиёи Миёна  танҳо соли 1870 таҷҳизоти чопии аврупоӣ ворид гардиданд.

Имрӯзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таъриху фарҳанг ва адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.

Аз ҷумла, миллати тоҷик аз қадим соҳиби китобу маърифату фарҳанг  аст. Ин миллат бо нобиғаҳои давру замон, симоҳои намоёни адабиёту фарҳанги хеш машҳур гардида, бо мероси гаронбаҳои онҳо оламро тасхир кардааст.

Бо вуҷуде, ки солҳои охир телевизон ва шабакаи интернет пайдо гардид, китоб мақоми худро гум накард, зеро он ҳама маълумот ва донише, ки китоб медиҳад, интернет дода наметавонад. Аз ин хотир таваҷҷуҳи мардум ба китоб нисбат ба солҳои қаблӣ кам нагардидааст.

Пайдоиши адабиёти бачагона таърихи чандон куҳан надорад. То миёнаҳои асри XVII асосан ба кӯдакон ба таври шифоҳӣ қиссаву достонҳо нақл мекарданд ва ин тарзи гуфторро фарзандон ба насли баъдӣ интиқол медоданд.

Дар асри XVIII аллакай кӯдакон маҳсули эҷодиёти нависандагони бузурге, ба монанди Даниел Дефо- «Робинзон Крузо» ва «Сайёҳати Гулливер»-и Ҷонатон Свифтро мехонданд. Танҳо дар асри XIX кӯдакон тавонистанд он асару офаридаҳоеро мутолиа намоянд, ки махсус барои онҳо навишта шуда буданд— қиссаҳои бародарон Гримм ва Г.Х. Андерсон, ки тавонист саҳми хешро дар офаридани асарҳои кӯдакона гузорад.

Адибони тоҷик низ дар радифи эҷодкорони халқу миллатҳои дигар тавассути офаридаҳои барҷаста, роману достонҳои таърихию илмӣ суннату арзишҳои миллии худро васф кардаанд. Мероси ғании суханварони мумтоз- Фирдавсӣ, Ҳоқонӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Назри Яздону Лоиқ, Бозор Собиру Фарзона ва даҳҳои дигар далели гуфтаҳои болоянд. Аҳли илму маърифат тавассути офаридаҳои оламшумул насли наврасро ҷониби некию накӯкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, бунёдкорию созандагӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд.

Бояд гуфт, ки китобҳои бачагонае, ки аз ҷониби шоиру нависандагон барои  кўдакон таҳия ва нашр мешаванд, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани завқи бадеӣ ва зебоипарастии наврасон нақши калон мебозанд ва набояд фаромӯш сохт, ки имрўз  дастрасии  озодона  ба  иттилоот  дар  «Созишномаи ҳуқуқи кӯдак» ба сифати яке аз ҳуқуқҳои дахлнопазири кўдакон эътироф карда шудааст. Дар ин санади муҳими байналмилалӣ, ки онро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 26 июни соли 1993 ба тасвиб  расонида буд, омадааст, ки ин ҳуқуқ новобаста ба санадҳо, дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ё чопӣ, дар шакли асарҳои санъат ё воситаҳои дигар мувофиқи интихоби кӯдак амалӣ мешавад.

Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ин нуктаро ба инобат гирифта, баҳри тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавону наврас ҳамасола Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор менамояд. Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи  китоби  кӯдакон  ва  наврасони Тоҷикистон» тарғиби бузургони сухан ва кашфи суханпардозони наврас, осори баргузидаву асарҳои тозаэҷод мебошад. Баргузории  Фестивали  ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи  китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ба ҳамин самт, яъне  тарғиби адабиёти тозанашр, кашфи падидаҳои  нави  фарҳангӣ,  робитаи  шоирону  нависандагон ва олимон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона нигаронида шудааст.

Бино ба маълумоти расмӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1354 адад китобхонаҳои давлатию оммавӣ, аз ҷумла, 79 китобхонаи бачагона бо фонди умумии зиёда 8 миллиону 535 ҳазору 824 нусхаи чопӣ ва маводи иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки бо  китобҳои «Мунтахаби осор»- и Убайди Зоконӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рубоиёт»- и Умари Хайём, панду андарзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Олуча гули бодом»-и Убайди Зоконӣ, «Харгӯшак»-и Гулниссо Ризвоншоева, «Баррача»-и Холбегим Давлатова, «Рӯд ва қатра»-и Нозирҷон Боҳирӣ ва ғайра  ҳар хонандаи хурдсолро ба худ ҷалб мекунад, теъдоди аъзои хурдсолаш ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир китобҳои кӯдакона бо забони ноби тоҷикӣ аз ҷониби нашриёт бениҳоят хуб ва бо дизайни ҳозиразамон, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб ба нашр мерасанд. Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо афзудааст. Дар баробари ин, тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар миллатҳо низ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва дастраси хонандаи хурдсол гардидааст.

Пас, волидайни гиромӣ фарзандони худро дар рӯҳияи китобхонӣ тарбия намоед. Бигузор онҳо ҳар рӯзе саҳфае аз ин ганҷи пурқиматро варақгардон намуда, дунёи маънавии худро бою ғанӣ гардонанд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

 

Апрель 2, 2018 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд