«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!”. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2018 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маъракаи тозакунии мавзеъҳои сайёҳгузар, аз ҷумла, “Панҷакенти қадима”, шаҳри қадимаи “Карон” ва минтақаи истироҳатии Варзоб дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва донишҷӯёни бахшҳои сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иқдоми мазкур ба хотири омодагиҳо ба мавсими нави сайёҳӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, ки давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, роҳандозӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки сайёҳии экологӣ ё худ экотуризм чунин фазое эҷод мекунад, ки ҳангоми ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ василаи муҳими даромади иқтисодӣ ба аҳолии маҳаллӣ мегардад.
Иқтидори сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бемаҳдуд буда, бо таъсиси инфрасохтори зарурӣ имконият фароҳам меояд, ки гўшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон дастрас шаванд.
Ташаббуси саҳмгузорӣ дар корҳои тозагӣ, озода намудани мавзеъҳои сайёҳгузар, ҳамчунин бурдани корҳои тарғиботӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.













ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид






