ҲУНАР-ДАВЛАТИ ПОЯНДА ВА ЧАШМАИ ЗОЯНДА. Ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшда мешавад

Апрель 8, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 08.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷодии мо сухан меравад ва он ҳама то замони омада расидаанд. Аз ин бармеояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба маҳсули дасти онҳо бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.

Бузурге фармудааст:

Бе ҳунар давлат поянда набошад бас дер,

Давлат он бошад пояндаки ёбӣ ба ҳунар

Вақте нисбат ба як нафар самимияти зиёд пайдо мекунӣ, мехоҳӣ тамоми суханҳои накӯро барояш бигӯӣ. Усто Хушбахти наққош мегӯяд, ки «ҳунари ман сарвати ман аст. Аз ҳунар мардум манфиат мегиранд, зеро сарвати шахс ин ҳунараш мебошад». Аз гуфтаҳои усто Хушбахт бармеояд, ки ҳунар инсонро тарбият мекунад ва таъмин менамояд.

Вақте вориди коргоҳи устои наққош гаштем, ӯро чун як нафари самимӣ, зиндадил, зиндагидӯстдор, кордон ва дӯстдори ҳунари хеш дарёфтем. Рӯ ба рӯ бо Усто Хушбахт нишаста, ба чанд суоли худ посух гирифтам. Хушбахт Одинаев зодаи деҳаи Даҳкати Ҷамоати деҳоти Росровут буда, солиёни зиёд бо ҳунари наққошӣ байни мардум обрӯи баланд пайдо кардааст. Аз овони хурдсолӣ ба ҳунари наққошӣ меҳру муҳаббати зиёд дорад. Зеро ин ҳунар аз бобою падар ба ӯ мерос мондааст. Падараш Боқимаҳмад Одинаев ба 6 нафар фарзандон ҳунари хешро омӯзондааст, ки Хушбахт Одинаев аз ҷумлаи онҳост. Маҳсули дасти ин ҳунарманд имрӯз на танҳо дар ноҳия, балки берун аз он дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан низ ба кошонаҳои сокинон ҳусну ҷилои тоза мебахшад. Аз дидани нақшу нигоре, ки усто рӯйи чӯб меорад, қалби инсон боз ҳам мафтуну шайдотар мегардад. Зеро инсон қодир аст бо дасти худ ҳама чиз офарад. Усто Хушбахт аз чӯб дарвоза, дару тирезаҳои гуногуншакл ва сутунпояҳоро бо нақшу нигори ба табъи дили фармоишгарон мувофиқ бунёд мекунад. Зиндагии худро пеш мебараду рӯзгори ободу осуда дорад.

Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунармандон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Зеро ҳунармандон барои бештар вонамуд кардани маҳсули дасти хеш кӯшиш менамоянд.

Барои ҳунармандони асил қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки   ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифи кишвар маҳсуб мешавад. Бигузор ҳунари онҳо писанди ҳамагон гардад ва маҳсули бо меҳр офаридаи онҳо зеби кошонаҳо бошад.

Хушбахт Одинаев шукронаи соҳибистиқлолии Ватан намуда, аз ҷавонон даъват ба амал меорад, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил намуда, соҳиби маълумот гарданд. Ҳамчунин ҳунарҳои мардумиро ёд гиранд, зеро ҳунар ганҷинаи бебаҳоест, ки инсонро хушбахт намуда, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад.

 

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,

мутахассиси шуъбаи таблиғоту иттилооти

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар ноҳияи Деваштич

Апрель 8, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад