Ҳунарҳои мардумӣ дар инкишофу ташаккули арзишҳои ахлоқӣ нақши ниҳоят муҳим мебозанд
ДУШАНБЕ 13.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз дидгоҳи аксиологӣ баррасӣ намудани масъалаи нақш ва мақоми ҳунарҳои мардумӣ дар дунёи арзишҳои фарҳангӣ барои илман асоснок намудани зарурати рӯйоварӣ ба ҳунарҳои мардумӣ дар шароити рушди техника ва технологияи муосир мусоидат мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, бояд мафҳумҳои калидӣ — «ҳунарҳои мардумӣ», «фарҳанги мардумӣ», «фарҳанги миллӣ», «низоми арзишҳои фарҳангӣ» дар иртибот бо якдигар баррасӣ карда шаванд…
Ҳарчанд мафҳуми «ҳунарҳои мардумӣ» ҳамчун як ҷузъи фарҳанги мардумӣ ва фарҳанги миллии тоҷик ба таври гуногун шарҳу тавзеҳ ёфтааст, аммо ин мафҳум ҳанӯз ҳам аз дидгоҳи арзишшиносӣ баррасӣ нашудааст. Таҳлили аксиологӣ имкон медиҳад, ки дар баробари таърифу тавсифи мафҳуми мазкур умумияту бартарии он аз унсурҳои дигари фарҳангӣ, аз ҷумла, «эҷодиёти мардумӣ», «эҷодиёти бадеӣ», «ҳунарҳои ҳирфавӣ» ва ғайра нишон дода шавад…
Барои фаҳмо ва равшан баён кардани мақсад дар доираи ин мавзӯъ моро лозим аст, ки таъриф ва таснифи муносиби «фарҳанг»-ро интихоб намоем… Дар ҳоли ҳозир таснифи уфуқӣ (табақаҳои гуногун, синфҳо, гурӯҳҳо, дастаҳо ё ҳалқаҳо…) ва амудӣ (касбӣ, оммавӣ, хосон, техникӣ…)-и «фарҳанг» нисбатан муносибтар ба назар мерасад, зеро он ба таснифи табақавии арзишҳо ё зинаи арзишҳо то ҷое умумият дорад…
Омӯзиш ва баррасии рӯзгори ҳунармандон дар тӯли таърих нишон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун навъи меҳнат дар инкишофу ташаккули арзишҳои ахлоқие аз зумраи накӯкорӣ, покӣ, сабру субот ва ғайра нақши ниҳоят муҳим бозида, дар тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд…
Таҳқиқи мавзӯъ чунин андешаеро ба вуҷуд меорад, ки ҳунарҳои мардумӣ на танҳо осори санъат ба ҳисоб мераванд, балки ҳамчун арзиши эстетикӣ ифодагари тасаввуроти мардум дар боби зебоӣ ва зебоишносӣ дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ мебошанд…
Баррасии ақидаву андешаҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун як гурӯҳи махсуси арзишҳои фарҳангӣ, ки аз дидгоҳи зебоишиносӣ, мардумшиносӣ, ахлоқӣ ва ғайра аҳамияти махсус доранд, барои бою рангин гардидани олами арзишии мо хизмат мекунанд.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун як бахши муҳими арзишҳои фарҳангӣ, инчунин дар ҳалли яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ – барқарор намудани тавозун байни арзишҳои моддию маънавӣ, ки яке аз сарчашмаҳои буҳрони маънавии муосир дониста мешавад, метавонад нақши сазовор гузорад…
Алишери МУҲАММАДӢ,
номзади илмҳои фалсафа








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






