«Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст». 14 апрел кормандони вазорату идораҳо ба машқҳои оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд

Апрель 13, 2018 15:26

ДУШАНБЕ, 13.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрели соли равон  дар боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва  миёнаи касбӣ доир мегарданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  иқдоми мазкур  дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, пагоҳ, 14 апрел кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаҳои давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук», «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштин»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон дар «Боғи ҷавонон», Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи «Парчами давлатӣ», Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Вазорати маориф ва илми мамлакат дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқи оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ба машқи пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

Апрель 13, 2018 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид