25 май-Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта: беназоратӣ омили асосии бедарак гаштани ноболиғон мешавад

Май 25, 2018 10:32

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Муҳаммад Ғаззолӣ

ДУШАНБЕ, 25.05.2018. /АМИТ«Ховар»/. Таҷлили  Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда  аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сарчашма мегирад. Дар ин рӯзи соли 1979  мактаббачаи 6-солаи америкоӣ Эвиан Пейтс дар роҳ ба сӯйи хона гум мешавад. Ин ҳодиса дар саросари ҷаҳон акси садоҳои зиёдеро ба бор оварда, кулли мардуми олам онро ҳамвора пайгирӣ менамуданд. Аммо, мутаассифона, тамоми корҳои ҷустуҷӯӣ дар роҳи дарёфти ин писарбача бенатиҷа анҷом ёфт. Баъд аз сипарӣ гаштани 4 сол аз ин ҳодиса президенти ҳамонвақтаи ИМА Роналд Рейган санаи 25 майро Рӯзи миллии кӯдакони гумшуда эълон намуд ва пас аз соле Маркази миллии кӯдакони гумшуда ва мавриди истисмор қароргирифта таъсис гардид. Ин иқдомро якчанд кишвари аврупоӣ ҷонибдорӣ намуда, соли 1997 Ташкилоти байналхалқии ҷустуҷӯйи кӯдакони гумшуда ва мавриди истисмор қароргирифта таъсис дода шуд. Маҳз бо ташаббуси ин Ташкилот Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда эълон гардид. Имрўз дар сар то сари дунё онро таҷлил ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин мушкилии доғи рўз ҷалб менамоянд.

Бояд гуфт, ки масъалаи кӯдакони гумгашта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳолати фавқулодавӣ буда, барои волидон фоҷиаи ношуниданӣ ва боварнокарданиву ҷонгудозе ба шумор меравад. Ва таъсиси ин рӯз бештар баҳри ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти гум шудани ноболиғон, муҳофизат аз беному нишон гаштани онҳо, ҳолатҳои душвори ҳаётӣ ва пешгирии ноболиғон аз гирифтор шудан ба истисмор равона гардидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи гумшудаҳо дар ҷаҳон ба миллион нафар мерасад ва сол то сол ин шумора рӯ ба афзоиш аст. Ба иттилои Созмони байналхалқии ҳуқуқӣ, ба ҳисоби миёна дар Аврупо ҳамасола 70 ҳазор ноболиғ, дар Россия-55 ҳазор, дар ИМА-800 ҳазор нафар беному нишон мегарданд, ки ин теъдод танҳо тибқи маълуоти расмист, агар ғайрирасмиро назар кунем, даҳҳо маротиба бештар аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки шумораи бештари кӯдакони гумшуда бо хоҳиши худ аз хона, аз пеши волидайн мегурезанд, ки омили асосӣ — назорат накардани волидайн, ҷангу низоъҳо бо калонсолон, нофаҳмӣ ва хашм дар оила, майлу хоҳиши озод будан ва ҳама чизро «таҷриба» кардан ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то пеши роҳи ин омилро бигирад ва маҳз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мисоли хубест дар роҳи пешгирии ин мушкилоти мубрам ва доғи рўз.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки ҳадафи асосии  он пешгирӣ ва назорати ноболиғон аз ҳуқуқвайронкунӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайне мебошад, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд хунукназарӣ зоҳир карда, дар бештари ҳолатҳо боиси аз хона баромада, бедарак шудани  онҳо мегарданд.

Сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти мазкур Файзиддин Назарзода  иброз дошт, ки дар тӯли 4 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 129 нафар, дар ҳамин давраи ҳисоботии соли 2017 бошад 140 ноболиғон гум гаштаанд, ки аз 129 нафар 112 нафари онҳо дарёфт ва ба оилаҳояшон супорида шудаанд ва нисбати нафарони боқимонда кофтуковҳо идома доранд.

Мавсуф яке аз омилҳои асосии гум гаштани ноболиғонро дар бемасъулиятӣ ва бе назорат гузоштани волидайн медонад. «Омилҳои асосии гум гаштани ноболиғон аслан аз бемасъулиятии волидайн сар мезананд. Кӯдаконе, ки аз хонаҳояшон баромада ғайб мезананд, бештари онҳо аз оилаҳои ба истилоҳ носолим мебошанд, аз ҷумла, аз оилаҳое, ки падар ё модар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар ин ҳолат бисёр кўдакон дар зери тарбияи хешовандони наздик, амак ё бобову бибияшон мебошанд, ки дар натиҷа аз беназоратии онҳо истифода бурда, баромада мераванд. Бештари онҳое, ки бедарак аз хона баромада мераванд аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳастанд, ки ҳангоми ҷустуҷӯ мо онҳоро дар пойтахти мамлакат  шаҳри Душанбе дарёфт мекунем. Ва ҳангоми пурсиш бештари онҳо камбуди маблағро пеш оварда сабаби асосиро дар кор кардану ба даст овардани маблағ барои хароҷоти худ медонанд, ки аз ҷониби нафарони сарпарасташон таъмин намешаванд».

Ба гуфтаи Файзиддин Назаров  ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо дар 4 моҳи аввали соли 2018 нисбат ба зиёда аз 6986 нафар падару модарон дар ҳудуди ҷумҳурӣ санадҳои маъмурӣ бо моддаи 90 барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳо ирсол  шудаанд. Аз ин шумора 4141 нафарашон барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон нисбат ба  таълиму тарбияи фарзанд ҷарима  ва  778 нафарашон огоҳонида  шудаанд ва   2067 мавод барои баррасӣ дар судҳо қарор доранд.

«Танҳо дар  4 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 2314 маротиба амалиёт гузаронида шудааст. Ин амалиёт бо номи шартии «Наврас, оворагард ва талбанда»  доир  мешавад. Дар натиҷа 6 ҳазору 318 нафар ноболиғон барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун, аз ҷумла, оворагардӣ, талбандагӣ  ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда, бо падару модарони онҳо суҳбатҳо гузаронида шудаанд. Вақте ки ноболиғон ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оварда мешаванд, аксарияти онҳо аз оилаҳое ҳастанд, ки падару модаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду дар тарбияи хешовандони наздикашон мебошанд. Маълум мегардад, ки баъзе аз онҳо ҳатто 2-3 маротиба ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо даст задаанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки вақте мо муроҷиати падару модарро оид ба бедарак шудани ноболиғ қабул ва кормандони зерсохторҳоямонро сафарбар мекунем, маълум мешавад, ки онҳо аллакай барои оворагардӣ ё талбандагӣ ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ оварда шудаанд»,-таъкид кард  Файзиддин Назаров.

Бояд гуфт, ки  ёдоварӣ аз Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумшуда моро ҳушдор медиҳад, ки фарзандонамонро пайваста назорат кунем, бо киҳо дӯстӣ доштанашонро донем, бо мактабу муаллимон дар алоқаи доимӣ бошем, то фарзандони мо чун насли сазовору ояндасоз ба воя расанд ва ҳамеша ба нафъи Ватану миллат хизмат кунанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Май 25, 2018 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд