Академик Акбар Махсумов ва рушди илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми академик Акбар Махсумов дар рушди илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон», — таҳти ин унвон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 90-солагии академик ҷаласаи илмӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Ҳисориев аз саҳми назарраси Акбар Махсумов дар рушди илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ намуданд. Зикр шуд, ки саҳми академик А. Махсумов дар интишори асари бунёдии даҳҷилдаи «Флораи Тоҷикистон» бениҳоят калон буда, ба қалами ӯ зиёда аз 200 кори илмӣ, таҳрири 20 китобҳои илмӣ-оммавӣ, дастурҳои соҳавӣ ва тавсиявӣ мутааллиқанд. А. Махсумов солҳои зиёд аъзои Шӯрои махсусгардонидашудаи дифои рисолаҳои илмии назди Шуъбаи илмҳои биологии Академияи илмҳо ва Шӯрои дифои рисолаҳои илмии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро буд. Зери роҳбарии ӯ чандин нафар шогирдон рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намудаанд.
Ҳамчунин ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Т. Саидов дар мавзӯи «Нақши академик А.Н. Махсумов дар рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки Акбар Махсумов инсони комил, ҳалим, олими рехта ва мактабдор буд. Суҳбат кардан бо ин шахс як дунёи нав буд. Акбар Махсумов яке аз олимони барҷастаи соҳаи илми кишоварзӣ буда, тамоми ҳаёти худро барои тараққӣ додани илму истеҳсолоти кишоварзии тоҷик равона кардааст.
Ба гуфтаи мавсуф, Акбар Махсумов аввалин олимест, ки илми соҳаи зироаткории лалмиро дар Осиёи Миёна ва Марказӣ таҳлил ва ҷамъбаст намуда, роҳҳои рушди онро муайян кардааст. Хизматҳои ӯ дар рушди илми кишоварзӣ хеле бузург буда, сазовори унвони академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Россия ва Тоҷикистон, арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва ордену медалҳо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Акбар Махсумов 2 майи соли 1928 дар оилаи арбоби намоёни сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба дунё омадааст.
Ӯ аз ходими хурди илмӣ сар карда, то мудири шуъба, директори Стансияи селексионӣ, муовини директор, директори Институти зироаткорӣ, саркотиб, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комплекси агросаноатӣ, мушовири Раёсати АИ ҶТ ва директори Боғи ботаникӣ фаъолият намудааст. Хидматҳои арзанда ва бисёрсолаи А. Махсумов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Инқилоби Октябр», 2 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ карда шудааст.













Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






