Ҷалби маблағҳо барои пурра ва мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонидани сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб идома дорад

Май 16, 2018 17:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб» тасдиқ карда шуд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ дод, ки Созишномаи мазкур байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисоди Араб ба маблағи 25,5 млн. доллари ИМА моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур идома додани сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълаихумб мебошад. Қитъаи А-и лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингарди шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (32 километр) ва қитъаи F сохтмони роҳи мошингарди деҳаи Шкевро ба ноҳияи Қалъаихумб (26 километр) дар бар мегирад. Бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур хароҷоти арзиши аслии ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ бамаротиб паст гардида, сатҳи хизматрасонӣ дар ин самт беҳтар мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, маблағи умумии сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълахумб дар умум 115 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад, ки аз ин ҳисоб 10 млн. доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Май 16, 2018 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд