Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2018 17:09

ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуда буд, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳҳоро муайян намуда, идоракунии давлатии ҳаракат дар роҳ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро танзим карда, таснифи роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд. Ҳамзамон, ба чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ диққати махсус дода мешавад.

Мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардашуда ҷавобгарӣ барои ташкил ва иштирок дар пойгаҳои ғайрирасмӣ пешбинӣ карда мешавад. Минбаъд нисбати шахсоне, ки пойгаҳои ғайрирасмиро ташкил мекунанд, ё дар ин пойгаҳо воситаҳои нақлиётро идора мекунанд ва ё воситаҳои нақлиёташонро ба дигар шаҳсон барои иштирок дар пойгаи ғайрирасмӣ медиҳанд, ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз дувоздаҳ ҳазору панҷсад то понздаҳ ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамзамон ин шахс аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол маҳрум карда мешавад. Агар шахс ин кирдорро такроран содир намояд андозаи ҷарима чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бист ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи тағйироти дигари ба ин Кодекс воридкардашуда барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад.

Тағйиротҳои ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид кардашуда аз мансаб озод намудани кормандони ин мақомотро барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбинӣ менамояд.

Мувофиқи тағйири ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» воридшуда, қисми 6 моддаи 10 ин Қонун, ки ҳиссаҷудокуниро барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ мекард, хориҷ карда шуда, имконияти ба ин муассисаҳои таълимӣ дохил шудани ятимону бепарасторон ва маъюбонро васеъ гардонид.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

 

Май 17, 2018 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5А-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётии НБО «Роғун» дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО «Роғун» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хати оби нӯшокиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод оғоз бахшиданд