Дар Душанбе Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар факултети муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон — Донишгоҳи миллии техникии Беларус бо иштироки намояндагони зиёда аз 10 макотиби олии Беларус Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Ин марказ бо ташаббуси Донишгоҳи миллии техникии Беларус дар доираи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат бахшидани ҳамкории тарафайни донишгоҳҳои ҳарду кишвар кушода мешавад. Дар расми ифтитоҳи ин Марказ донишҷӯён маҳсули дастони худро пешкаши иштирокдорон намуданд.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» декани факултети муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон -Донишгоҳи миллии техникии Беларус Сафаралӣ Гадоев иброз дошт, ин марказ барои таҳкими равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он баҳри омӯзиши фарҳанги Беларус, ҷалби донишҷӯёни беларусӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, таҳкими дониши донишҷӯёни тоҷик дар бораи дастовардҳои мардуми Беларус дар соҳаи фарҳанг, илм, иқтисод, таҳсилот, ташкил ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Зикр гардид, ки мақсад ва вазифаҳои асосии марказ таҳким ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни донишҷӯёни беларусӣ ва тоҷик, мусоидати шаҳрвандони Беларус дар шароити мутобиқати таҳсил ва истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, гузаронидани озмунҳои мусиқавӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Маркази маълумоти ҳуқуқии Ҷумҳурии Беларус дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ширкат намуд.
Бино ба иттилои Сафаралӣ Гадоев, ташкил намудани маркази мазкур дар мадди аввал барои донишҷӯёне, ки дар факултетҳои муштарак бо донишгоҳҳои Беларус таҳсил намуда, барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Беларус мераванд, пешбинӣ шудааст. Маркази маълумоти ҳуқуқӣ имконият медиҳанд, ки маълумоти қонунгузории Ҷумҳурии Беларус бемамоният дастрас бошад.
Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов зимни ифтитоҳи Маркази маълумоти ҳуқуқии Ҷумҳурии Беларус иттилоъ дод, ки чунин марказҳо дар давлатҳои Полша, Латвия, Литва, Италия, Россия, Венгрия, Покистон, Чехия, Сербия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова фаъолият менамоянд.
Зикр карда шуд, ки ташкили маркази мазкур на танҳо барои мубодилаи маълумот, балки мубодила технологияҳо ва равобит байни мутахассисон низ мусоидат менамояд.













Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид






