Дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат ҷаласаи якуми Шӯрои «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи якуми Шӯрои «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» баргузор гардид.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки вобаста аз эҳтиёҷоти хоҷагии халқи кишвар ва талаботи имрӯза дар доираи лоиҳа, омодасозии тренерони ҳирфаӣ барои 5 гурўҳи соҳавӣ — кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва сохтмону рушди сайёҳӣ аз рӯи 17 ихтисос ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади амалӣ кардани иқдомҳои болозикр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби институтҳои байналмиллалии молиявӣ 34 миллион доллари ИМА-ро равона созад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур тавассути 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳо), 7 Маркази таълими калонсолон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар 23 шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ шудааст.
Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳо) ва Маркази таълими калонсолони интихобгардида дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб, Исфара, Панҷакент, Норак, Истаравшан, Конибодом ва ноҳияҳои Кўшониён, Шаҳринав, Тоҷикибод, Восеъ, Шаҳритус, Шаҳристон, Мастчоҳ, Шуғнон, Сангвор, Фархор, Ёвон, Бобоҷон Ғафуров, Вахш ва ноҳияи Ванҷ ҷойгир мебошанд.
Муовини Сарвазир аз рафти амалигардонии Лоиҳа изҳори ташвиш ва нигаронӣ карда ба роҳбарият ва масъулини Лоиҳа дастур дод, ки корро дар муассисаҳои таълимии болозикр ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон бо истифода аз меъёрҳои муосир таъмин намоянд. Инчунин вазифадор гардиданд, ки зимни омодасозии мутахассисон ба самтҳои зерин диққати махсус дода шавад:
- Дар самти такмилдиҳии методологияи низоми таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш. Дар доираи қисмати мазкури Лоиҳа стандартҳои тахассусӣ ва усули баҳодиҳӣ дар мувофиқа бо сохтори тахассусии мутобиқшудаи аврупоӣ ва нақшаи таълимӣ дар асоси салоҳият ва маводҳои таълимӣ амалӣ гардад.
- Беҳтар намудани шароити таҳсилот дар муассисаҳои интихобшудаи системаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш. Дар ин қисмати Лоиҳа корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва азнавсозии заминаи моддӣ-таълимӣ ва таҷҳизоти зарурии таълимии замонавӣ дар 29 муассисаҳои интихобшудаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ таъмин карда шавад.
- Барномаҳои низоми таҳсилоти касбӣ-техникӣ. Дар ин қисмати Лоиҳа, таҳияи нақшаи баланд бардоштани дараҷаи тахассуси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиши муосир бояд таъмин гардад.
Таъкид карда шуд, ки ҷалби тахассусони ҳирфаии хориҷиву дохилӣ, таъмиру барқарорсозии кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, бо таҷҳизоти замонавӣ ва ашёву аёниятҳои таълимии муосир, муҷаҳҳаз гардонидани устохонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилоти касбӣ аз корҳои аввалиндараҷаи лоиҳа ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин, таҷрибаи мутахассисони хориҷӣ ва дохилии ҳирфаӣ барои ташкили ҳамкорӣ бо ташкилотҳо, ҷамъоварии коршиносони соҳавӣ, таҳияи харитаи функсионалӣ, эътирофсозии стандартҳо ва таҳияи стандартҳои соҳавӣ васеъ истифода бояд гардад.
Дар тӯли амалигардонии Лоиҳа масъулияти тайёр намудани мутахассисон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа вогузор мегардад.
Бояд махсус зикр намуд, ки мақсади асосии амалӣ гардонидани Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ тайёр намудани тренерҳои сатҳи олӣ, ҷиҳати минбаъд тайёр намудани мутахассисони маҳаллӣ ва бо ин тартиб фароҳам овардани муҳити солим барои ташкил ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар буда, барои коҳиш додани норасоии мутахассисони касбӣ-техникии сатҳи баланд равона мегардад.
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки тибқи нақша, зиёда аз ду ҳазору дусад ҷавондухтарон ва занон, бахусус духтарону занони камбизоат ва осебпазир ба лоиҳа фаро гирифта мешаванд. Туфайли барномаҳои гуногуни лоиҳа ҳунаромӯзон дар литсейҳои интихобшуда барои таҳсилоти касбӣ бо стипендия таъмин мегарданд. Дар ҳолати хуб аз худ кардани нозукиҳои касби интихобшуда зимни таҷрибаомўзӣ дар ширкатҳои хусусӣ бо ҷойи хуби корӣ таъмин мешаванд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






