Дар вилояти Суғд як зумра муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир мешаванд

Май 17, 2018 18:16

ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон «Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020» қабул гардида, дар доираи он як зумра муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир карда мешаванд. Дар робита ба ин  қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.

Тавре аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, Раёсати фарҳанги вилоят, Идораи сохтмони асосии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар вилоят 355 китобхона, 135 муассисаи клубӣ, 7 клуби сайёр, 94 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 16 осорхонаи шаҳриву ноҳиявӣ, 6 хона-музей, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 29 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли «Шашмақом», 1 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли «Фалак», 1 ансамбли дойранавозон ва 1 ансамбли карнайнавозон фаъолият мекунанд.

Май 17, 2018 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад