ДУШАНБЕ, 11.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асари нави шоир Давлат Сафар зери унвони «Об» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028», нашр гардид. Дар ин достон маҷмӯи ашъори тазаэъҷоди шоир дар мавзӯи об, васфи ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар роҳи ҳалли мушкили норасоии об гирдоварӣ шудаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо шоир Давлат САФАР ҳамсуҳбат шуд.
АМИТ «Ховар»: Дар бораи об, ин неъмати бебаҳои табиат, нависандагону шоирони халқҳои гуногун, амсоли Робиндранат Такур, Герман Гессе, Иоҳан Гёте, Александр Пушкин дар давраҳои гуногун асарҳо эҷод намудаанд. Барои мисол, достони Александр Твардовский «Аз муаллиф»-ро метавон чакомаи об номид. Твардовский, ки аслан дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон навиштааст, қимати ҳар чакра обро барои сарбозони майдонҳои набард ба қалам додааст. Шуморо чӣ водор кард барои эҷоди чунин достон?
Давлат Сафар: Мавзӯи об барои адабиёти худамон низ бегона нест. Дар «Авасто» ин мавзӯъ матраҳ шудааст, ба ёд оред: «Аз оби ин рӯдҳо ҳамаи кишварҳо баҳра бурдаанд…». Дар бораи об қариб ҳамаи адибони классик ва муосирамон аз устодон Рӯдакию Фирдавсӣ сар карда, то Бозору Лоиқу Гулрухсор асарҳо навиштаанд. Очеркҳои безаволи устод Садриддин Айнӣ дар бораи бунёди каналҳои Туқсанкорез ва Марғедар, достонҳои «Панҷи ноором» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар, романи Муҳиддин Хоҷазод «Об рӯшноӣ» ва ғайраву ҳоказо ба ин мисол шуда метавонанд…
Дар бораи он ки чӣ маро водор намудааст…. Медонед, ҳар эҷодкоре, ки дар ин Ватан зиндагӣ мекунад, аз обу хоки ин Ватан баҳравар аст, вазифадор аст, ки васфи Тоҷикистонро кунад. Тавсифи Ватан аз дӯстдории он аст.
Ҷаҳду талошҳои сатҳи байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиб ва истифодаи дурусти об, ки яке аз сарчашмаҳои муқаддаси ҳастии инсоният мебошад, ҳеҷ як эҷодкорро дар канор гузошта наметавонанд.
Ҳадаф аз эҷоди достони «Об» таҳрик додани афкори ҷомеа ба мавзӯи об мебошад. Бо ин роҳ кӯшиш кардам таваҷҷуҳи хонандагонро ба масоили об, ки ҳоло яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ҷалб намоям.
АМИТ «Ховар»: Шоирон бештар дар мавзӯъҳои лирикӣ, таърихӣ эҷод карданро афзал медонанд. Шумо аз шоирони насли наве ҳастед, ки мавзӯъҳои доғи рӯз аз назаратон дур намемонанд. Оё ин душвор нест?
Давлат Сафар: Эҷодкори асил дар ҳар мавзӯъ метавонад шеър нависад. Танҳо таваҷҷуҳ ва мушоҳида карда тавонистан лозим аст, яъне аз зери мижгон дуртар назар бояд кард. Дар адабиёти мо ишқу муҳаббат он қадар сурудаву сутуда шудаанд, ки дигар гапи наве пайдо кардан осон нест. Мавзӯи иҷтимоӣ ҳам ишқу муҳаббат аст. Достони «Об» ҳар як хонанда ва махсусан эҷодкорро даъват мекунад, ки ошиқи сарватҳои бебаҳои Ватан бошад.
Зи оғози даҳру ҳама саргузашт,
Дар ин куҳнасаҳро, дар ин кӯҳу дашт.
Ҳамин хок буду ҳамин осмон,
Ҳамин боғ буду ҳамин бӯстон.
Ҳамин чашма буду ҳамин ҷӯю наҳр,
Ҳама ҷаҳд гашта ба паймони даҳр.
Вале фикру зикри муаммои об,
Касеро наовард бар изтироб.
Намегуфт ҳарфе касе аз ниёз,
Намекард ифшои дунёи роз.
Аз ин Пешвои муаззамтабор,
Сиёсатшиносу сиёсатмадор.
Ба гӯши замону ба гӯши ҷаҳон,
Бизад бонги ҳастӣ зи оби равон.
Дар гузашта ҳар иқдоме, ки аз ҷониби роҳбарон роҳандозӣ мегардид, аз ҷониби аҳли адаб ба риштаи назм кашида, образҳо офарида мешуданд. Чаро мо имрӯз ин корро накунем?
АМИТ «Ховар»: Дар ин корзор танҳоӣ намекашед?
Давлат Сафар: Ба дигарон кор надорам, аммо ҳар эҷодкоре, ки дар ин масоил бетараф аст, тавре Ҳилолӣ гуфтааст «ё одам нест, ё аз ин олам нест». Вақте мо ин қадар дастовардҳоро мебинем, чӣ гуна метавонем қаламро дар ҷайб гузошта, хомӯш нишинем? Модоме ки ҳастии мо Тоҷикистон, неъматҳои бебаҳои он аст, бояд васфи онро кунем.
Аз биҳишт омад садое нимашаб дар хоби ноз,
Зистан бе обу хоки Тоҷикистон мурдан аст.
АМИТ «Ховар»: Ба назари ман, дар адабиёти муосири мо, дар эҷодиёти шоирони нависандагони имрӯз симои Тоҷикистони соҳибистиқлол камтар тасвир шудааст ё мешавад…
Давлат Сафар: Ва ин, албатта. Боиси таассуф аст. Мо дар асри муборизаҳои иттилоотӣ зиндагӣ дорем. Андешаҳои ғаразнок зиёд паҳн мегарданд. Кӯшишҳои манфӣ нишон додани симои Ватани мо мушоҳида мешаванд. Мо бояд ба ин ҳама сангпартоиҳо ҷавоби мувофиқ диҳем. Дар муқобили муборизаҳои иттилоотӣ бояд устувор бошем ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз намоем.
Яке аз рисолатҳои шоир ҳам ҳамин аст. Симои Тоҷикистони навинро бояд ҳарчи бештар ва чашмрастар инъикос намоем. Дастовардҳову муваффақиятҳоро ба риштаи назм кашем ва муаррифӣ намоем. Ба ҷаҳон нишон бояд дод, ки Тоҷикистони азиз чӣ гуна мавзеъҳои биҳиштосо дорад ва рӯз аз рӯз мешукуфад.
Мо, эҷодкорон бояд бештар ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ рӯ биёрем. Дарду доғи имрӯзро гӯем ва васфи ин Ватану ин Сарварро кунем. Ва бо ин дар ҷомеа бояд афкор ва рӯҳияи позитивӣ бояд ташаккул диҳем.
АМИТ «Ховар»: Метавон гуфт, ки ташаббусҳои Сарвари давлат илҳомбахши Шумо дар эҷоди достони «Об» буданд?
Давлат Сафар: Бале, сарчашмаи илҳоми ман ҳангоми эҷоди достони «Об» маҳз ташаббусҳои Пешвои миллат буданд. Ин ҳама корҳое, ки Сарвари давлати мо дар самти ҳалли мушкили норасоии об дар сатҳи ҷаҳон анҷом медиҳанд, маро чун як эҷодкор дар канор гузошта наметавонад. Ин буд, ки ҳамаи андешаҳоямро дар қолаби назм дар ин достон нигоштам. Достони «Об» идома дорад ва кӯшиш мекунам онро ба анҷом расонам.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат!
Мусоҳиб
Ҷасур АБДУЛЛО