Кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай робитаҳо дар бахши сайёҳиро густариш медиҳанд

Май 16, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 11 майи соли 2018 дар шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ҷаласаҳои корӣ лоиҳаи «Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай  барои давраи солҳои 2019-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи Нақшаи мазкур масъалаҳои бароҳмонии ҳамкории ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмон, ҳамкорӣ дар самти татбиқи барномаҳои сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, оид ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва суғуртаи онҳо ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳиро фарогир буда, он аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ маъқул дониста шуд.

Татбиқи босамари Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии «Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020» барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи Созмон ва ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

Май 16, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад