Модели нави рушди Тоҷикистон дар қиёс бо модели қаблӣ дорои бартариҳост
ДУШАНБЕ, 10.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд». Ин нуктаро муовини аввали Раиси Маҷлиси намоянагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар соати парлумонӣ, ки дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд ва маблағгузории барномавӣ аз рӯи натиҷа ва самаранокии онҳо» доир гардид, зикр намуд.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи минбаъдаи рушд дар мамлакат гузариш ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба сармояи инсонӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву дохилӣ барои рушди минбаъда амалӣ карда мешавад. Таъкид гардид, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави рушд, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва неруи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим аст, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки модели нав дар қиёс бо модели қаблӣ дорои бартариҳост. Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа ба ташкили васеи ҷойҳои нави кори пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади буҷети давлатӣ оварда мерасонад.
Ҳамзамон дар «соати парлумонӣ» Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода низ сухан кард. Таъкид шуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» самтҳои фароҳам овардани шароитҳои умумии рушдро бо назардошти ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва таҳкими равандҳои инкишофи иқтисоди миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо, рушди неруи инсонӣ тавассути афзоиши аҳолии бо сатҳи зиндагии миёна ҳамчун пешбарандаи ҷомеа ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар тадбирҳои мушаххас пешбинӣ менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






