Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар мушкилоти глобалию таҳдидҳои ҷаҳон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории муштарак бо бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, СААД ва ИДМ, ба хотири ташаккули муколамаи созанда изҳори қаноат карданд.
Таъкид гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2020” қабул намуд. Ин стратегия ба амалисозии маҷмӯи чораҳои ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ нигаронида шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон, авзои сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.









Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






