ҚОИДАҲОИ МАХСУСИ БАҚАЙДГИРӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ДАР РОССИЯ. Онҳо аз имрӯз, 25 май мавриди амал қарор гирифтанд

Май 25, 2018 09:00

Аз 25 май то 25 июл шаҳрвандони Тоҷикистон мисли дигар шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, бояд қоидаҳои навро ба инобат гиранд.

ДУШАНБЕ, 25.05.2018./ Дар робита ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Россия дар шаҳрҳое, ки мусобиқаҳо баргузор мешаванд, низоми бақайдгирии махсус барои ҳам шаҳрвандони Россия ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ гардиданд.

Қарори марбутаро моҳи майи соли гузашта Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба имзо расонида буд.

Низоми махсус дар 11 шаҳре, ки бозиҳо онҳо баргузор мегарданд, ҷорӣ шудааст. Инҳо — Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Волгоград, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара ва Саранск мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ муваззафанд, ки дар ин шаҳрҳо дар давоми 24 соат, аз лаҳзаи ворид шудан худро ба қайд гузоранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд, ки дар давоми се рӯз, аз рӯзи ворид шудан ба қалаврави Россия барои бақайдгирӣ ба мақомоти марбутаи маҳаллии ВКД ФР ё дигар марказҳои пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои давлатӣ муроҷиат намоянд.

Ин ниҳодҳо бидуни рӯзҳои истироҳатӣ ва рӯзҳои ид ба таври  мунтазам фаъолият мекунанд.

Дар дигар минтаҳои Россия низоми муқаррарии қаблӣ – то 15 рӯзи бидуни бақайдгирӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон амал мекунад.

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки аллакай ба қайд гирифта шудаанд: агар шумо ҷойи истиқомат ва макони будубошро иваз накарда бошед, он гоҳ ин Фармон ба шумо дахл надорад.

Бояд дар ёд дошт, ки ҳангоми омодагӣ ва баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Россия чораҳои амниятӣ пурзӯр мегарданд:  дар ҷойҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мебаранд, рейдҳо гузаронида мешаванд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳақ доранд, ки ҳуҷҷатҳои дилхоҳ шахсро тафтиш намоянд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA — 2018 аз 14 июн то 15 июл дар Россия баргузор мегардад. Баргузории Чемпионат дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Россия дар назар аст.

Май 25, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд