Пешбурд ва амалисозии ташаббусҳо барои рушди сайёҳӣ дар сатҳи маҳал баррасӣ гардид

Май 16, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Пешбурд ва амалисозии ташаббусҳо барои рушди сайёҳӣ дар сатҳи маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳо ва созмонҳои сайёҳӣ, шарикони рушд ва ҳунармандон иштирок доштанд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, мақсад аз чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар маҳалҳои ҷумҳурӣ ба шумор рафта, онҳо тавассути рӯнамоиҳо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд. Лоиҳаҳои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ амалӣ карда мешаванд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, ин лоиҳаҳо ба самти сайёҳии экологӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ равона мешаванд. Тибқи натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳо, дар маҳалҳо утоқҳои қабули сайёҳон, маводҳои иттилооти сайёҳӣ, харитаи сайёҳии ноҳияҳо ва хатсайрҳо таҳия гардида, инчунин марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, семинару омӯзишҳо барои баланд бардоштани фарҳанги сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳон баргузор карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он дар маҳалҳо яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин росто, дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар маҳалҳо корҳои муайян анҷом ёфта истодаанд.

Чунин ташаббусҳо дар ноҳияҳои Ховалинг, Ш.Шоҳин, Айнӣ, Мурғоб ва Лахш амалӣ гардида, минбаъд дар дигар навоҳии кишвар низ татбиқ карда мешаванд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳалҳо рушд намуда, сатҳи фарҳанги мардум ҷиҳати пазироии сайёҳон баланд бардошта шавад.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳияи Ховалинг хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия таъсис ёфта, бунёди меҳмонхона бо арнаментҳои миллӣ барои сайёҳон ва рушди менеҷменти туризм миёни аҳолӣ тавассути семинару омӯзишҳо амалӣ карда мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб рӯйхати ҳунарҳои мардумӣ тартиб дода шуда, сайёҳии экологӣ тавассути баргузории намоишгоҳҳо муаррифӣ ва тарғиб карда мешавад. Дар ноҳияи Лахш хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар самти сайёҳии куҳнавардӣ ва шикор омода мегарданд.

Қобили зикр аст, ки сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли дигар кишварҳои сайёҳӣ нисбат ба сайёҳии хориҷӣ бештар буда, шумораи сайёҳони дохилӣ 466 ҳазор нафарро дар соли 2017  ташкил додааст.

Май 16, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад