Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 15 майи соли равон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Беларус ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






