Сайёҳони велосипедсавор дар қаламрави Тоҷикистон бо урфу одат ва анъанаҳои миллии мардум шинос мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндаи Федератсияи велотуризми Франсия Мишел Арноулт ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии «Азия экспедишн» ва «Мараканда тревел» аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон мулоқот доир намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, зимни суҳбат раиси Кумита оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодшуда, аз ҷумла, бобати дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ва тамоюлҳои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ муаррифнома пешниҳод карда шуд.
Инчунин оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бахусус имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда, омодагии ҷониби Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҷиҳати пешниҳоди хатсайрҳо ва маҷмӯи хизматрасониҳо иброз гардид.
Мишел Арноулт дар навбати худ иброз дошт, ки соли 2019 Федератсияи велотуризми Франсия тасмим гирифтааст, ки марафони велосипедрониро барои сайёҳон дар қаламрави Осиёи Марказӣ баргузор намояд. Дар харитаи чорабинии мазкур сайёҳон тавассути дучарха давоми 70 рӯз тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро сайругашт намуда, дар маҷмӯъ 6000 километр роҳро тай мекунанд.
Тибқи барномаи марафони мазкур, сайёҳони дучархасавор аз шаҳрҳо ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, бо урфу одат ва анъанаҳои миллии мардум шинос мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар Франсия велосипедронии саёҳатӣ хеле маъмулу машҳур буда, аз ҷумла, сабқати дучархасавории Тур де Франс ҳамасола беҳтарин велосипедронҳои сайёраро бо ҳам оварда, дар ҷаҳон бесобиқа унвон мешавад.









РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






