«ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ ВА ҲУҚУҚӢ ТАРҒИБОТИ МАВСИМӢ ВА ИФТИХОРОТИ ЗОҲИРИРО НАМЕПАРАСТАД». Мулоҳизаҳои профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар

Май 25, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  доир гардид,  масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат, аз ҷумла, такмил додани рушди давлатдорӣ ва зарурати ҳифзи пойдории миллатро дар ҷаҳони зудтағйирёбанда дарбар гирифт дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозӣ ба амал овард. Дар зер андешаҳои профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фозил ОБИДОВ дар партави суханронии Пешвои миллат пешниҳоди хонандагон мегардад.

 Сарвари давлат таъсир ва нақши илму маорифро дар рушди давлатдорӣ баҳогузорӣ намуда, иҷрои супоришҳои зеринро амали зарур ва ҳатмӣ донистанд: риояи ҳатмии қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, эҷод накардани монеа аз ҷониби падару модарон ба таҳсили фарзандон, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани насли ояндасоз ва кадрҳои замонаи нав, босаводу соҳибмаърифат кардани насли нав ва тарбияи кадрҳои донишманду баландихтисос.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зарурати иҷрои ҳатмии дастури дар боло зикршударо чунин тафсир доданд: «Танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Таъкид месозам, ки миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд».

Ташвиши Пешвои миллат оид ба пурра иҷро нашудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беасос нест. Тавре дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон изҳор гардид, фақат дар соли 2017 ва се моҳи соли равон нисбат ба волидайн барои эҷод намудани монеа барои ба мактаб рафтани фарзандон 175 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин дар ҳолест, ки мо дар асри ХХI зиндагӣ мекунем ва ҷой доштани ин падидаи  асримиёнагӣ, яъне монеа эҷод кардани падару модар барои ба мактаб рафтани фарзандон воқеан ҳам боиси нигаронӣ ва хиҷолат аст. Охир, ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлати тоҷикон дар шаҳру деҳоти мамлакат шароитҳои муносиб ҷиҳати рушду инкишофи соҳаи маориф фароҳам оварда шудаанд. Чунончӣ, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи чор нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлат ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, фақат соли 2017 ба маблағи умумии 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Тавре мебинем, бо вуҷуди чунин муваффақиятҳо, мушкилоти таълиму тарбия то ҳоло ба назар мерасанд. Дар соли 2017 ва се моҳи соли 2018 барои қонуншиканиҳо дар самти таълиму тарбияи фарзанд зиёда аз 23 ҳазор нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Пешвои миллат дар мулоқот рӯирост изҳор карданд, ки мақсади мулоқот бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ошкор намудан ва изҳори назар намудан ҷиҳати  ислоҳи баъзе мушкилоту камбудиҳое мебошад, ки то ҳанӯз дар кишварамон вуҷуд доранд. Бо ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа Пешвои миллат зикр карданд: «Таъкид мекунам, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад».

Зимнан, Президенти Тоҷикистон дар ин мулоқоти таърихӣ на танҳо мушкилоти ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд, ҳамчунин доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва таъсири он ба тамаддуни башарият ва табиату ҷамъият, хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои пешгирии он, нақши инсон дар раванди таҳаввулоти ҷаҳони муосир, арзишҳои тамаддуни башарӣ ва нақши дину фарҳангҳо дар ҷаҳони муосир, дини мубини ислом ва  таъсири он ба  маънавияти инсон, ҳамчун воситаи низоъҳои сахти сиёсӣ истифода шудани ислом ва оқибтаҳои он, муносибати мардум ба дин ва моҳи Рамазон, ҳикмат ва воҷиботи ин моҳ ва дини ислом, нақши мазҳаби ҳанафӣ ва таҳким гардонидани он дар шароити кунунӣ, ҳушдор додани мардум ва даъвати онҳо ба хотири аз даст надодани ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, рӯй овардан ба илму маориф, фарҳангу маънавиёт ва таълиму тарбия бо далелу санадҳо ва мисолҳои воқеӣ аз рӯзгори замони муосир суханронии пурмуҳтаво карданд.

«Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд». Ин дастури пур аз ҳикмат мо, кормандони соҳаи маорифро водор месозад, ки  дар раванди бардавому тӯлонии ташаккулёбии миллати баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат аз пешина бештар масъулиятшинос бошем ва дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш саҳлангорӣ накунем.   Камбудиҳо, ҳамон тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд, «на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа — аз оила то коргоҳ — бартараф карда мешаванд».

 

Май 25, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон баҳри густариши раванди рақамикунонӣ Созишнома ба имзо расонид
Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Фалсафаи ваҳдат ва истиқрори сулҳи тоҷикон». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо сокинону фаъолони шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2024» доир шуд
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» мегузаронанд
Дар Хоруғ таҳти унвони «Модару бонувони ваҳдатсаро» ҳамоиш доир гардид
15-17 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад