ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ НИЁГОН. Ин мавзуъ дар меҳвари мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат қарор дошт
ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар партави суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.
Дар ҳамоиш нуктаву хулосаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, марҳалаҳои омӯзиш ва роҳҳои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои рушди илми тоҷик бо мисолу далелҳои мушаххас шарҳ дода шуданд. Иброз гардид, ки бояд баҳри татбиқи дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат барномаву лоиҳаҳои мушаххас таҳия гарданд, ки суръату сифати ислоҳоти сохторҳои илмиро таъмин намоянд. Зеро дар ин мулоқоти тақдирсоз самтҳои асосии рушди илми тоҷик барои ояндаи наздик пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро баҳри татбиқ дар рушди илми матншиносӣ, ҳифз, таҳия ва оммавигардонии мероси хаттӣ иброз намуданд.
Дар фарҷом олимону кормандони Маркази мероси хаттӣ тасмим гирифтанд, ки дар партави суханрониҳои Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи мамлакат чорабиниҳои дарозмуддат ва барномаҳои татбиқи илм дар амалия таҳия намуда, бар асоси он вазъи илмии муассисаро ислоҳ намоянд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён






