Захираҳои сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои рушди онҳо баррасӣ гардиданд

Май 26, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 26.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ва бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 24 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Захираҳои сайёҳии Тоҷикистон-омили рушди иқтисодиёт» конфронс баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии минтақа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳо ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок доштанд.

Дар кори конфронс мудири Шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Баҳридддин Азизов дар мавзӯи  «Захираҳои сайёҳии минтақа ва роҳҳои рушди он», муовини ректори Донишгоҳи тиббии Хатлон Шамсулло Аҳадов дар мавзӯи «Туризм бо ҷомеаи шаҳрвандӣ», унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ  Шералӣ Гадоев  дар мавзӯи «Сайёҳии экологӣ дар минтақаи Дашти Ҷум» бо рунамо маъруза намуданд. Инчунин, намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақа оид ба захира ва имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои худ маълумот доданд.

Сипас миёни иштирокчиён доир ба мавзуъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ дар минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қайд карда шуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур дар рушд ёфтани соҳаи сайёҳии минтақа ва  ҳавасманд гардонидани соҳибкорон ба рушди сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Май 26, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад