ҲАМОИШ ОИД БА МАВЗӮИ ЗАМИН ДАР ДУШАНБЕ. Дар як сол зиёда аз 12 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд», ҳамоиш баргузор гардид.
Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобишо Холзода зимни ҳамоиши мазкур иттилоъ дод, ки «бо мақсади пешгирӣ намудани камшавии заминҳои корами обӣ ва ҳифзи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2000 «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ» қабул гардида, аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сохтмони манзил ва иншооти ғайриистеҳсолӣ манъ карда шудааст. Вале, мутаассифона, ҳамасола аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайронкунии қонунгузории замин ба ҷойи кам шудан, бараъкс афзуда истодааст. Аз ҷумла, давоми соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12 ҳазору 911 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони зиёда аз 48,7 ҳазор гектар ошкор ва аз ин ҳисоб ба маблағи 4 млн. 159 ҳазор сомонӣ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷарима шудаанд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 599 мавод ба мақомоти прокуратура ва 699 мавод ба мақомоти суд барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷарима пешниҳод гардидаанд. Дар ин замина, 9473 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳалҳо бартараф шудаанд».
Мутаассифона, дар 5 моҳи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6 440 адад вайронкунии қонунгузории замин ба қайд гирифта шуда, вайронкунандагони қонун ба маблағи 2 млн. 68 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода изҳор намуд, ки «замин ва муносибат ба он ба рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти миллӣ таъсири бевосита дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид зикр кардаанд, ки соҳаи кишоварзӣ самти муҳими истеҳсолоти кишвар буда, истифодаи дурусту самаранок ва муносибати оқилона ба замин, қабл аз ҳама, ба сатҳу сифати зиндагонӣ ва некуаҳволии мардум, инчунин дастрасии сокинони кишварамон ба маводи озуқаи хушсифат пайвандӣ дорад».
Бо назардошти афзоиши баҳсҳое, ки аз муносибатҳои замин бармеоянд, Суди Олии иқтисодӣ гузаронидани ҳамоишро дар мавзӯи «Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд» иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ маънидод намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш давоми рӯз дар мавзӯъҳои «Нақши мақомоти прокуратура дар самти риоя ва иҷрои қонунгузории замин», «Муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин», «Тартиби додан ва гирифтани замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Тартиби баррасии парвандаҳо дар бораи беэътибор донистани санадҳо ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба замин», «Тартиби баромадан аз хоҷагии деҳқонӣ» маърӯзаҳои олимон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони судҳои иқтисодӣ, прокуратура, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, инчунин адвокатҳоро шунида, саволу ҷавоб карданд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷаласаҳои Ҳукумат, инчунин зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати истифодаи самаранок, оқилона ва мақсадноки замин ва захираҳои замин пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»













Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 92 фоиз иҷро шуд
Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд
Эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар шаҳрванд аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, шанбе, 305-умин рӯзи соли 2025 аст






