БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД… Изҳори пушаймонӣ ва узрпурсии Қиёмиддин Ғозиев баъди 26 сол: душманони миллат то ҳоло аз нақшаҳои худ даст накашидаанд
ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 18 июн дар шабакаҳои телевизионии мамлакат филми нави мустанад бо номи «Решаҳои ноаён» намоиш дода шуд. Дар филм бо истифода аз аксҳо ва наворҳои видеоӣ аз аъмоли сангин ва нангини намояндагони мухолифин, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода, Мирзо Зиёев, Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигарон гуфта мешавад.
Фаъолияти ин душманони миллат мисраҳои Умари Хайёмро ба ёд меоранд:
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад…
Қисмати асосии филми «Решаҳои ноаён” аз эътирофоти Саид Қиёмиддини Ғозӣ баъди боздошт ва маҳкум шуданаш ба 25 соли зиндон иборат буд. Ӯ оид ба ҷиноятҳои содирнамудааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, даъватҳояш барои сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, барҳам задани давлатдории миллӣ ва ҷорӣ намудани низому тартиби давлатдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро нақл карда, аз робитаҳо, рафтуомад ва додугирифтҳояш бо мақомоти кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ба ном «дӯст» маълумот дод.
Бояд гуфт, то намоиши ин филм ҷиноятҳои содиркардаи Қиёмиддин Ғозиев ба иштирокдорони бевосита ва шоҳидони зиндаи ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва ба коршиносону таърихнигорон мисли рӯз равшан буд. Фақат дидани даҳҳо наворҳои мавҷуда, хондани матбуоти ҳамондавра кифоя аст, ки шахс бешакку шубҳа дар симои Қиёмиддин Ғозиев ҷинояткори хатарнокро бинад.
Маҳз Қиёмиддин Ғозиев тӯда-тӯда одамони ҷамъшударо барои ҷисман нобуд кардани шахсиятҳои мушаххас, сарнагун кардани сохти давлатдорӣ даъват карда, онҳоро барои ҳамла кардан ба бинои мақомоти қудратии мамлакат роҳнамоӣ карда буд. Дар натиҷаи он «юриш»-и Қиёмиддин Ғозиев ба тарафи биноҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон чандин нафар аз миёни анбӯҳи одамони гумроҳшуда ба ҳалокат расидаанд. Метавон гуфт, то ҳоло арвоҳи он фавтидагон аз Қиёмиддин Ғозиев кафорати хуну ҷон мепурсанд.
Ҷойи баҳс нест, ки бо ташвиқ, даъват ва амалҳои бевоситаи Қиёмиддин Ғозиев барин ашхос ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сар зад. Чунин нафарон бо истифода аз эътиқоди динии мардум ҷавононро барои нобуд кардани «душманон», «кофирон» ва коммунистҳо роҳнамоӣ мекарданд. Бо ташаббус ва пешкориҳои Қиёмиддин Ғозиев ва ҳамроҳони ӯ дар минтақаи Вахшонзамин бетартибиҳо авҷ гирифтанд: садҳо хонаҳо оташ гирифта, хуни одамӣ мисли ҷуйи об ҷорӣ гардида буд.
Қ.Ғозиев ҳатто дар миёни муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари фиребу найранг ва таҳдиди наҳзатиён ва тарси ҷони худу пайвандони худ макони зисташонро тарк карда, ба Афғонистон фирор карда буданд ва дар ҳолати хеле бади равонӣ қарор доштанд, даъватҳои худро идома дода, аз онҳо талаб мекард, ки фарзандони ноболиғи худро барои муборизаи мусаллаҳона ба дасти муҷоҳиддони хориҷӣ супоранд. Қиёмиддин Ғозиев дар мураккабтарин вазъи ҳаммиллатони худ супориши хоҷагони хориҷии худро иҷро мекард. Шиори ӯ чунин буд: «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад!».
Дар урфият мегӯянд: бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Бо гузашти беш аз чоряк аср Қиёмиддин Ғозиев ба ҷиноятҳои содиркадаи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карда, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсид, ки узри бадтар аз гуноҳ аст. Дар баробари изҳори пушаймонӣ ва узр пурсидан Қ.Ғозиев нақшаи сиёҳи ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзатро ошкор кард. Мувофиқи гуфтаҳои ӯ, роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ агарчӣ мисли мори афъӣ саркӯб шуда бошад ҳам, то ҳоло дар сар фикри заҳр задан ба тани мардумони тоҷикро доранд. Маълум мегардад, ки пуштибонҳои террористон аз кишвари хориҷии ба мо ҳамфарҳангу ҳамоин ва ба ном «дӯст» то ҳоло аз нақшаҳои пасипардагии худ даст накашидаанд.
Ба иқрори Қиёмидин Ғозиев, баъзе доираҳои кишвари ҳамфарҳангу ҳаммзабон нақша доранд фаъолияти ташкилоти террористии наҳзати исломиро аз нав барқарор созанд. Мутобиқи он нақша, ки Қ.Ғозиев ифшо намуд, ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва пуштибононаш талош доранд, ки минбаъд низ ба рафти ҳодисаҳои сиёсии Тоҷикистон дахолат намуда, дар ҷомеа иғво барангезанд ва мисли солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистонро ба майдони кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷангу ҷидол мубаддал гардонанд. Аз ҷумла, тавре ки дар филми «Решаҳои ноаён» зикр гардид, бадхоҳон нақша доранд, ки ба интихоботи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистон дахолат карда, субот, низом ва амнияти мардуми тоҷикро халалдор созанд.
Филми «Решаҳои ноаён» ва иқрори гумоштаи кишвари хориҷӣ Қиёмидин Ғозиев бори дигар моро водор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, барои нигаҳдошт ва таъмини суботу амнияти ҷомеа ва хонадони хеш ҳамеша омода бошем.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






