Байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишномаи ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз тарафи Ӯзбекистон раиси Хадамоти бехатарии давлатӣ Ихтиёр Абдуллоев ба имзо расониданд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳо миёни ҳарду мамлакати дӯсту бародар дар сатҳи сифатан нав қарор доранд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои судманд байни Хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза ба муқобили таҳдидҳои замони муосир қобили зикр мебошад.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеъ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла, созмон ва ташкилоти террористиву экстремистии дорои характери динӣ, дигар гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар хоки Афғонистон амал мекунанд, пурра дастгирӣ менамояд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористиву экстремистӣ мавқеи устувор, қатъӣ ва ягона доранд.
Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба таври густурда сурат мегирад.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






