Чемпионати ҷаҳон-2018: дастаи мунтахаби Марокаш бо Эрон вориди майдон мешаванд

Июнь 9, 2018 11:09

ДУШАНБЕ, 09.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  5 рӯзи дигар боқӣ монд. Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи бозии сеюми  Мундиал бо ширкати дастаҳои мунтахаби Эрон ва Марокаш  идома медиҳад.

Ин вохӯрӣ таҳти рақами 4 дарҷ шудааст. 15 июн, шаҳри Санкт- Петербург. Дастаҳои мунтахаби Марокаш ва Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди рақобат мешаванд. Эрон Осиёро муаарифӣ мекунаду Марокаш Африқоро.

Дастаи мунтахаби Эрон

Дар аснои ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифтан дастаи мунтахаби Эрон бозиҳои зиёд доир кард. Чун дар Осиё кишварҳои зиёде ҳузур доранд ва барои роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон ҳамагӣ 5 ҷой ҷудо шудааст, ду марҳалаи гурӯҳии калон дастаҳоро имтиҳон кард. Сараввал эрониҳо дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Уммон, Туркманистон, Гуам ва Ҳиндустон дар гурӯҳи «Д» қувва озмуда,  ҳамагӣ ду мусовӣ анҷом доданду боқӣ ҳама дастаҳоро ба шикаст рӯ ба рӯ карданд ва бо касби 20 имтиёз садрнишин шуданд.  Марҳалаи сеюми гурӯҳӣ дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Сурия, Ӯзбекистон, Чин ва Қатарро бо ҳам овард. Дараҷаи бозии ин дастаҳо нисбат ба марҳалаи аввал фарқкунанда буд. Эрониҳо дар бозии аввал Қатарро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда,  дар Чин натиҷаи мусовиии 0:0-ро нишон доданд. Онҳо  Ӯзбекистонро дар шаҳри Тошканд бо ҳисоби 1:0 ва дар Теҳрон 2: 0, Қатарро бори дигар 1:0, Кореяи Ҷанубиро 1:0 мағлуб карда, дар бозии ҷавобӣ бо натиҷаи 0:0 мусовӣ бозиданд. Танҳо ба дастаи мунтахаби Сурия муяссар гардид, ки аз дастаи Эрон мағлуб нашавад. Бозии рафти ин дастаҳо 0: 0 ва ҷавобиашон 2:2 ҷамъбаст гардид. Ба ҳамин тартиб, дастаи мунтахаби Эрон дар марҳалаи дуюм низ бе ягон бохт мусобиқаро ҷамъбаст кард ва дар ҷаҳон сеюмин дастае гардид, ки ба бозиҳои ниҳоӣ мустақиман роҳхат гирифта бошад. Дар маҷмӯъ эрониҳо бо шаш ғалаба ва 4 мусовӣ бо касби 22 хол соҳиби ҷои аввал гардиданд. Натиҷаи тӯбҳояшон ба 10 бар 2 баробар шуд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон аз 36 голи ба дарвозаи ҳарифон зада 11-тоашро бозингари дастаи «Рубин»-и Россия -Сардор Озмун ба нишон расонидааст. Сардор Озмун аз соли 2012 инҷониб дар клубҳои футболи Россия ҳунарнамоӣ мекунад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, дар майдони футбол ботаҷрибаю солор менамояд.

Сардор Озмун дар Гумбади Ковуси Эрон соли 1995 ба дунё омада, аз 9- солагӣ ба бозии футбол машғул шудааст. Дар дастаҳои наврасону ҷавонони «Уқоби Гумбад» ва ду дастаи Гургон то соли 2010 бозӣ карда, сипас дар 15-солагиаш ба дасти «Сипоҳон», ки дар Лигаи бартарии Эрон ширкат менамуд, гузаштааст. Баъди 2 сол «Рубин»-и Қазон ба ин бозингари боистеъдод мароқ зоҳир кард ва ба даста овард. Дар он солҳо дарвозабони дастаи мунтахаби Эрон Алиризо Ҳақиқӣ низ дар дастаи «Рубин» ҳунарнамоӣ дошт.

Сардор Озмун дар таърихи футболи Эрон аввалин бозингари ҷавонест, ки дар 17-солагӣ шартномаи худро бо клуби футболи хориҷӣ ба имзо расонид. Дар аввалин ширкаташ дар ҳайати дастаи «Рубин» дар бозиҳои Лигаи Аврупо дар дақиқаи 84-ум ба майдон омада, ба дарвозаи дастаи «Молде» ба задани гол қодир шуд. Дар ҳайати Рубин дар чемпионати Россия  аввалин бозиашро дар муқобили «Анжи» гузаронида, дар дақиқаи 73-юм ба майдон омад ва голе зад ва пеналтиро ба суди дастааш ҳосил кард. Баъдан соли 2015 ба ҳайси иҷора ба дастаи «Ростов» гузашт. Алабатта, тавре мухлисони футбол хуб медонанд, ин ҷойивазкунӣ ба сармураббии “Рубин” Курбан Бердиев бастагӣ дошт. То соли 2017 Сардор Озмун дар дастаи «Ростов» боқӣ монд ва сипас аз нав ба «Рубин» интиқол ёфт. Дар ҳайати ҳар ду даста 110 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 26 тӯб задааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби асосии Эрон аз соли 2013 иштирок мекунад ва аллакай 30 вохӯрӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 22 тӯб задааст.

Ӯ барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Россия дар мавсими соли 2015- 2016 ба ҳисоб меравад. Дар ҳайтаи дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон соҳиби Ҷоми Конфедератсияи Шарқи Осиё гардидааст. Ҳоло ба қатори 33 бозингари беҳтарини Чемпионати Россия дохил мебошад. Расонаҳо талқин мекунанд, ки Сардор Озмун дар  оилаи варзишгарон ба воя расидааст. Падараш Халил Озмун дар дастаи мунтахаби волейболи Эрон бозӣ кардааст. Модараш мураббии волейбол ва хоҳараш узви дастаи мунтахаби  волейболи Эрон мебошанд.

Ба Озмун мураббиёни дастаи мунтахаби Эрон умеди калон мебандад. Ӯ дар баробари Кова Ризоӣ, Меҳди Теремӣ ва Ризо Кученажод хати ҳамлаи дастаи мунтахаби Эронро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Карлос Кейруш ба бозингари дигари ҷавоне, ки дар ҳайати дастаи «Амкар»-и  Россия бозӣ мекунад -Сайид Изатуллоӣ эътиқоди зиёд дорад. Ин бозингар ҳамагӣ 21 сол дошта бошад ҳам, солҳои 2014 ва 2015 дар ҳайти дастаи «Атлетико»-и Мадрид панҷ вохӯрӣ гузаронидааст.

Саид Изатулоӣ дастпарвари дастаи футболи «Малаван»-и Эрон буда, соли 2012 дар ҳайати асосии он дар муқобили тими «Роҳи Оҳан» ба майдон омадааст. Истеъдоди ӯро ба назар гирифта, клуби футболи ҷавонони «Атлетико»-и Мадрид Изатуллоиро ба ҳайати дастааш шомил кард ва ӯ дар панҷ вохӯрӣ иштирок намуд. 21 июли соли 2015 Саид Изатуллоӣ бо дастаи «Ростов»-и Россия шартномаашро ба имзо расонд ва дар аввалин ширкаташ дар ҳайати ин даста дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупо дар муқобили дастаи «Андерлехт»-и Белгия ба задани гол мушарраф гардид. Соли гузашта ӯ ба дастаи «Анжи» интиқол ёфт ва худи ҳамон сол ба дастаи Амкар гузашт. Ҳоло дар ҳайати ин даста дар 9 бозӣ иштирок карда, як гол задааст. Аз соли 2015 узви дастаи мунтахаби Эрон мебошад. Аввалин вохӯриро дар муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон гузаронидааст. Дар 23 иштирокаш дар ҳайати дастаи мунтахаб ба дарвозаи ҳарифон як тӯб ворид кардааст. Арзишаш дар бозори гузариш аз 1 миллион евро болотар меистад. Дар сурати ба дастоварде ноил шудани дастаи мунтахаби Эрон футболбозони  ин кишвар мартабаашон боз ҳам дар ҷаҳони футбол боло хоҳад рафт.

Тавре мебинем, ояндаи футболи Эрон аз ҷавононаш маншаъ мегирад. Алиризо Ҷаҳонбахш ҳам ба қатори ситораҳои ҷавони дастаи мунтахаби Эрон шомил мешавад. Ӯ бозингари дастаи АЗ –и Ҳоланд мебошад ва аз соли 2013 дар он ҷост.

Карлос Кейруш ин бозингарро соли 2014 ба ҳайати 23- нафараи дастаи мунтахаби Эрон даъват кард ва ӯ низ мисли ҷавонони дигар дар аввалин бозиаш дар муқобили дастаи Таиланд ба задани гол даст ёфт. Алиризо Ҷаҳонбахш 24-сола буда, сараввал дар ҳайати дастаи «Поси Эрон» ҳунарнамоӣ кардааст. Нимҳимоятгар. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон 34 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 4 гол задааст. Таърихи футболи Эрон нишон медиҳад, ки мисли афсонаи футболи ин кишвар -Алии Доӣ ҷавонону наврасон ба камол расида, бори дастаи мунтахабро ба пеш мекашанд.  Дар ин қатор Кова Ризоиро аз дастаи «Шарлеруа»-и Белгия, Меҳди Торимӣ, ки ба дарвозаи ҳарифон дар бозиҳои интихобӣ 8 тӯб задааст, аз дастаи «Персиполис», Карим Ансорифард аз дастаи «Олимпиакос»-и Юнон, Мелод Муҳаммадӣ аз дастаи «Ахмат»-и Россия ва Муртазо Пурлиганҷиро аз дастаи «Ассад»-и Қатар номбар кардан мумкин аст.

Имрӯз ҳамчунин дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон бозингари машҳур-капитани дастаи мунтахаби Эрон  Ашкон Дежага ҳаст. Ин бозингари ботаҷриба дар ҳайти дастаи «Волсфбург» ва «Герта»-и Германия, «Фулҳем»-и Англия,  «Аларабӣ»-и Қатар бозӣ кардааст. Аҷиб он аст, ки Ашкон аз соли 2004 то соли 2009 дар ҳайати дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Германия бозӣ карда, соли 2012 ба дастаи миллии Эрон гузаштааст. Дар 39 бозиҳои дастаи мнутахаби Германия ба дарвозаи ҳарифонаш 11 гол зада, дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон дар 38 вохӯрӣ ширкат варзидааст. Дар хати нимҳимоя ба ҳайси вингер бозӣ мекунад. Муаллифи 8 гол мебошад. Чемпиони Германия дар соли 2009, Чемпиони Аврупо дар соли 2009 дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Германия мебошад. Федератсияи футболи байналмилалӣ соли 2012 баъди иваз кардани қоидаҳои худ дар соли 2009 ба Ашкон иҷозат дод, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Эрон бозӣ кунад.

Дар бораи бозингарон ҳарф зада, сармураббиро фромӯш кардан аз рӯи одоб нахоҳад буд. Карлош Кейруши португалӣ дастаи мунтахаби Эронро тавре муаррифӣ кард, ки ин даста дар Осиё дар раддабандии ҷаҳонӣ аз ҳама баланд меистад ва дар ҷаҳон дар мавқеи 37-ум аст.

Намедонем, дар вақти бозии  дастаи мунтахаби Эрон бо Португалия, ки дар як гурӯҳанд,  ин мураббии португалӣ ба кадом даста мухлисӣ мекарда бошад?

Карлос Кейруш солҳои 1989 ва 1991 дастаи мунтахаби ҷавонони Португалияро ба унвони қаҳрамонӣ расонида, машҳур гардид. Дар ҳайати он даста Луиш Фигу бо Руи Кошта бозӣ мекарданд. Тақдир ин мураббии толеъбаландро соли 2011 ба кишваре бо номи Эрон овард. То ин дам дастаҳои мунтахаби Португалия, клубҳои овозадори «Спортинг», «Реал»-и Мадрид, «Манчестер Юнайтед»-ро машқ дода буд. Дастаҳои мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб ва Африқои Ҷанубӣ ҳам аз маҳорати ин мураббӣ сабақ омӯхтаанд.

Карлос Кейруш дастаи мунтахаби Эронро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ба Бразилия баровард ва футболбозонеро, ки эрониасл буданду дар кишварҳои хориҷ чун ситора медурахшиданд, ба ин даста овард. Аз ҷумла, Ашкон Дежага, Ризо Кучанажжод ва Даниэл Довариро аз Германия, Умед Назарӣ ва Сомон Қудусро аз Шведсия ва Стивен Бейташурро аз Амрико ба ҳайати дастаи мунтахаби Эрон пайваст. Алҳол Карлос Кейруш бо дастаи мунтахаби Эрон ба дастоварди намоёне нарасидааст, аммо Федератсияи футболи ин кишвар ба ӯ боварӣ дорад.

Дастаи мунтахаби Марокаш

Дастаи мунтахаби Марокаш ва ё тавре мухлисон Марокко ном мебаранд, аз гурӯҳи «С»-и Африка ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифт. Бори аввал дар таърих дар чемпионати ҷаҳони соли 2018 чор дастаи кишварҳои араб- Арабистони саудӣ, Миср, Тунис ва Марокаш ширкат меварзанд. Марокашро ҳамчун «Шерони атласӣ» ном мебаранд.

Марокаш, Кот-д’Ивуар,  Габон ва Малӣ барои як роҳхат ба бозиҳои финалии Чемпиоанти ҷаҳон бо ҳам мубориза бурданд. Аз ин гурӯҳ Кот-д’Ивуар аз дастаи қудратманду баландмартаба ёд мешуд ва онро пешакӣ ғолиби ин гурӯҳ пешгӯӣ карда буданд. Аммо футболбозони Марокаш таҳти роҳбарии мураббӣ Эрве Ренар вазифаи ниҳоят душворро ҳал карда, ба бозиҳои ниҳоӣ роҳат гирифтанд.

Аввалин вохӯриашонро футболбозони Марокаш дар сафар бо Габон 0:0 мусовӣ анҷом дода,  дар даври дуввум ҳарифи асосии худ -дастаи мунтахаби Кот-д’Ивуарро дар Марокаш қабул карданд. Ин вохӯрӣ ҳам бе кушодани ҳисоб ҷамъбаст гардид. Натиҷаи аз ҳама калонро футболбозони ин кишвар дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Малӣ комёб шуда, ба дарвозаи ин даста 6 тӯб ворид карданд ва дар бозии ҷавобӣ бо натиҷаи мусовии 0:0 қаноат ҳосил карданд. Ду даври охирин барои футболбозони Марокаш бобарор омад. Сараввал дастаи Габонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, ба бозии ҳалкунанда ба Кот-д’Ивуар омаданд. Дар ин дидор марокашиҳо чи ҳунаре, ки доштанд, нишон доданд ва бо натиҷаи 2:0 зафар ёфта, ғолиби мутлақи гурӯҳи «С» гардиданд. Дар натиҷа се ғалаба ва се мусовӣ, бе ягон бохт ба онҳо 12 имтиёзро насиб гардонид. Натиҷаи тӯбҳояшон 11 бар 0 мебошад.

Ситораи асосии дастаи мунтахаби Марокаш- ин Меҳдӣ Бенатиё ба шумор меравад. Ҳарчанд ин бозингар дар Марокаш зиндагӣ намекунад, аммо ҳисси ватандӯстиаш боло гирифта, ба ин даста пайваст ва шарафи Марокашро ҳимоя мекунад. Маҳз вазифаи капитанӣ ба дӯши ӯ гузошта шудааст.

Яке аз мушкилоте, ки дастаҳои мунтахаби африкоӣ ва осиёӣ ба дӯши худ доранд, ин бо дили нохоҳам ба дастаҳои мунтахаб ҳозир шудани бозингарон аст. Бисёр ситораҳои футбол, ки зодаи мамлакатҳои футболӣ нестанд, ихтиёри ширкатро дар дастаҳои мунтахаби аслашон раво намебинанд. Аммо Меҳди Бенатиё, ки дар дастаи «Ювентус» ҳунарнамоӣ дорад, ба дастаи мунтахаби Марокаш пайваст. Ин бозингар дар дастаҳои номдори Аврупо «Бавария» , «Рома» «Марсел» ва чанди дигар бозӣ карда, чемпиони Германия ва Италия гардид. Бозингари хати миёна. Ӯ 30-сола мебошад. «Ювентус» Меҳдӣ Бенатиёро ба маблағи 17 миллион евро харидорӣ кардааст. Пештар Меҳдӣ дар дастаи мунтахаби ҷавонони Франсия ҳам ҳунарнамоӣ карда буд.

Ситораи дигари дастаи мунтахаби Марокаш Ҳаким Зиё аз дастаи «Аякс»-и Голандия мебошад. Голандиҳо ҳам мехостанд, ки Ҳаким дар ҳайати дастаи онҳо бозӣ кунад, аммо Ҳаким Марокашро интихоб кард ва барои ин амалаш аз ҷониби Марко ван Бастен-сармураббии онвақтаи дастаи мунтахаби Голландия  таҳқир ҳам шунид. Вале Марокаш ба чемпионати ҷаҳон баромаду Голландия  не.

Ашраф Ҳакимӣ бозингари ҷавони 19-солаи дастаи «Реал»-и Мадрид  хати муҳофизати дастаи Марокашро пурқувват мекунад. Ӯро ҳам ба дастаи мунтахаби Испания даъват карда буданд, аммо ӯ хатои Мунир Алҳаддодиро ба назар гирифта, Марокашро интихоб кард. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Марокаш бозингарони шинохта Мунир Муҳаммадӣ аз «Нумансия», Зуҳайр Федал аз «Алавес», Мануэл да Кошта аз «Истанбул Башакшиҳир», Ромен Саисс аз «Вулверҳемптон», Абдулҳамид Қатурӣ аз «Бастия», Карим Алаҳмадӣ аз «Фейенорд», Файсал Фаҷр аз «Депортиво», Муборак Бусуфа аз «Алҷазира», Умар Алқаддурӣ аз «Наполӣ», Мунир Оббодӣ аз «Нансӣ», Юсуф Анносирӣ аз «Малага» дар клубҳои машҳур ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба ҳамин тартиб, аз дастаи мунтахаби Марокаш ҳамагӣ як нафар дар Марокаш таваллуд шудаву 4 нафар дар Голландия  ва Франсия, ду нафар дар Испания ва боқӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба дунё омада, малакаю маҳорати бозии футболро аз худ намудаанд.

Рекорди гол сар надодан дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 ба дастаи мунтахаби Марокаш мутааллиқ аст. Ин даста аз дарвозааш ягон тӯб нагирифтааст. Зеро дарвозабонҳояш Мунир Муҳаммадӣ, Ёсин Харрубӣ ва Ёсин Буну ҳамто надоранд. Футболбозони Марокаш ҷои истиқомати худро дар шаҳри Воронеж интихоб кардаанд ва ба бозиҳо бо тайёраи махсуси худ сафар мекунанд.

 

 

Июнь 9, 2018 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид