Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд

Март 17, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагиҳоро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус (20 март) ва Тимори Шарқӣ (25 март), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Машқи аввали дастаи мо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуда, дар он 16 бозигар иштирок намуд. Бозигарони боқимонда баъдтар ба сафи даста мепайванданд.

Бояд таъкид намуд,  ки дастаи миллии Тоҷикистон 20 март бо дастаи яккачини Беларус рақобати дӯстона ва 25 март бо дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ бозии даври муқаддимотии Ҷоми Осиё-2027-ро анҷом медиҳад. Ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 17, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд