Чемпионати ҷаҳон-2018: то оғози он шаш рӯзи дигар боқӣ монд

Июнь 8, 2018 17:22

ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  6 рӯзи дигар боқӣ монд. Бозии рақами  сеюми Чемпионати ҷаҳонро шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.

Португалия – Испания, 15 июн дар дили шаб, аниқтараш соати 11 ба вақти Душанбе беҳтарин футболбозони сайёра дар ҳайати ду дастаи шӯҳратёри ҷаҳон вориди майдони варзишгоҳи “Фишт”-и шаҳри Сочи мешаванд.  Миллионҳо дӯстдорони футбол, шояд миллиардҳо нафар дар назди  телевизорҳои худ ҷамъ меоянд.

Ин вохӯриро аз рӯи сатҳ ва қудратнокии  дастаҳо тамоми коршиносони футболи сайёра ба бозии финалӣ шабоҳат медиҳанд. Чемпиони охирини Аврупо -Португалия ва чемпиони ҷаҳони соли 2010 ва Аврупо дар соли 2012 -Испания яке ба дигаре имконияти ғалаба кардан нахоҳанд дод. Маҳз ин вохӯрӣ нишон медиҳад, ки кадоме аз ин дастаҳо барои ба даст овардани унвони чемпионии ҷаҳон устувор аст.

Португалия ба ҳайси мизбон дар ин вохӯрӣ муаррифӣ мешавад.  Ба роҳи тайкардаи дастаи мунтахаби Португалия дар бозиҳои инихобӣ назар мекунем.

Дастаи мунтахаби Португалия баъди қуръакашии бозиҳои интихобӣ дар қитъаи Аврупо бо дастаҳои мунтахаби Швейтсария, Венгрия, Ҷазираҳои Ферер, Латвия ва Андора ба гурӯҳи “Б шомил шуд. Марҳалаи гузариш барои португалиҳо душвор набуд, зерро дар гурӯҳ танҳо дастаи мунтахаби Швейтсария дар мадори бозиҳои гурӯҳӣ бо Португалия баробар бозӣ карданаш имкон дошт. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар даври аввали вохӯриҳо дастаи мунтахаби Португалия бе Криштиано Роналдо аз дастаи мунтахаби Швейтсария бо натиҷаи 2:0 мағлуб шуд. Брел Эмболо ва Адмир Меҳмедӣ голҳоро ба самар расонида, табъи мухлисони Португалияро хира карданд. Ин ягона бохти дастаи мунтахаби Португалия дар силсилаи бозиҳои интихобӣ буд. Баъдан футболбозони ин даста бар дастаҳои мунтахаби Фарер ва Андора пайдарҳам бо ҳисоби 6:0 ғолиб омада, дигар ҳама дастаҳоро пайваста ба шикаст рӯ ба рӯ мекарданд. Ғолиби мутлақро дар гурӯҳ бозии баргашти дастаҳои мунтахаби Поругалия ва Швейтсария муайян мекард. Португалиҳо ин навбат бо ҳайати пурраи худ ба бозӣ ворид шуданд. Дар дақиқаи 41-ум муҳофизатгари Швейтсария Йоҳан Ҷуру маҷбур шуд, ки ба хатогӣ роҳ дода, тӯбро ба дарвозаи дастаи худ равон кард. Дар нимаи дуввуми вохӯрӣ Андре Силва голи дуюми дастаи мунтахаби Португалияро ба ҳадаф расонида, имкон фароҳам овард, ки дастаи мунтахаби ин кишвар аз нигоҳи натиҷаи беҳтари  тӯбҳо аз зинаи аввал мустақиман ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гиранд. Дар маҷмӯъ дастаи мунтахаби Португалия аз 10 бозӣ дар 9-тоаш ғолиб омада, танҳо дар як вохӯрӣ мағлуб гашт ва бо касби 27 садрнишин шуд. Футболбозони португалӣ ба дарвозаи ҳарифон 32 тӯб зада, аз дарвозаашон ҳамагӣ 4 тӯб гирифтанд. Криштиано ба дарвозаи ҳарифон 15 тӯб ва  Андре Силва 9 тӯб ворид карданд. Бо ҳамин қадар миқдори холҳо Швейтсария ба вохӯриҳо раҳсипор шуд.

Дар ҳайати дастаи Португалия ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду дар бозиҳои интихобӣ боз ҳам ҷилва кард.

Криштиано Роналдо аз футболбозонест, ки ҳалиму хоксор, фозилу ботамкин, қавииродаву некбин мебошад. Ӯ 5  феврали соли 1985 ба дунё омадааст. То соли 2013 футболбози аз ҳама гаронтарини ҷаҳон, ки аз дастаи Манчетер Юнайтед ба Реал бо маблағи 80 миллион евро гузаштааст, ёд мешавад. Чемпиони Аврупо дар соли 2016. Дар  саҳифаҳои рангини ҳаёти варзишиаш таърихҳое сабт шудаанд, ки на ҳар як  футболбоз ба он ноил мешавад.

Криштиану Роналду аз ҷониби Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) панҷ маротиба беҳтарин бозингари сол эълон гардида, сазовори ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардидааст. Аз соли 1993 то ба имрӯз дар ҳайати дастаҳои «Андориня», «Насйонал», «Спортинг», «Манчестер Юнайтед» бозӣ карда, ҳоло шарафи клуби шоҳонаи Реали Мадридро ҳимоя мекунад. Криштиан Роналдо чемпиони секаратаи Англия, соҳиби Ҷоми ин кишвар, соҳиби Ҷоми Лигаи чемпионҳои Аврупо, Суперҷоми Англия, чемпиони Испания ду маротиба, Ҷоми Испания ду маротиба, Суперҷоми Аврупо ва Суперҷоми Испания се маротиба ғолиби чемпионати ҷаҳон байни клубҳо дар ҳайати Реал,  барандаи унвони чемпиони Аврупо дар соли 2016 бо ҳайати дастаи мунтахаби Португалия, ҳамчунин медалҳои нуқраи чемпионати Аврупо дар соли 2004, медалҳли биринҷии соли 2012 ва Ҷоми Конфедератсияи дар соли 2017 мебошад. Ба замми ин Криштиану Роналдду ҷоизаҳои беҳтарин футболбози ҷаҳон, нишонзани беҳтарини чемпионатҳои гуногун ва ғайраву ғайраро ба даст овардааст. Ба унвони ӯ садҳо рекордҳо низ мансубанд. Аз ҳама аҷиб он аст, ки суръати баланди ӯ хати муҳофизати ҳама дастаҳоро ба ҳарос овардааст.

Агар дастоварҳои ӯро идома диҳем, маълумот ба дарозо мекашад. Аз ин рӯ бо як ҷумла мушаххас кардан мумкин аст, ки ӯ ситораи футболест, ки ҳамто надорад

Акнун дар пеш чемпионати ҷаҳони соли 2018 аст. Мову шумо аз ҳунарнамоии ин ситора боз ҳам лаззат хоҳем бурд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Португалия ба мисоли Криштиано Роналдо дигар бозингароне ҳастанд, ки дар муваффақиятҳои даста саҳми беандоза мегузоранд. Дарвозабони даста Руй Патрисиу ҳамагӣ дар бозиҳои интихобӣ аз дарвозааш 4 тӯб гирифтааст, ки он натиҷаи олӣ ба ҳисоб меравад.

Руй Патрисиу дарвозабони 30-солаи дастаи “Спортинг” дарвозаи дастаи мунтахаби Португалияро низ ҳимоя мекунад. Ҳарчанд дар Португалия мисли ӯ дарвозабонҳои мумтоз зиёданд, аммо боварӣ ба Руй бештар аст. Аз соли 2003 инҷониб ба ҳайати дастаҳои  мунтахаби наврасону ҷавонон шомил шуда, то ба имрӯз дар ҳайати тими миллӣ ҳунарнамоӣ дорад. Дар 56 вохӯрӣ аз дарвозаи худ 50 тӯб гирифтааст. Соҳибунвони Чемпионати Аврупо буда, медалҳои биринҷии Ҷоми Аврупо ва Ҷоми Конфедератсияи футболро ба гардан овехтааст.

Бозингари бразилиягиасли португалиҳо Пепе ҳарчанд соли гузашта ҳунарнамоиашро дар дастаи “Реал”-и Мадрид ба анҷом расонида, ба клуби футболи “Бешикташ”-и Туркия гузашт, ҷои худро дар дастаи мунтахаб аз даст надодааст. 229 бозӣ гузаронидааш дар ҳайати клуби шоҳонаи “Реал” иқтидори ӯро нишон медиҳад. Дар 21 бозии дастаи мунтахаби Португалия ширкат карда, 5 гол задааст.  Дар паҳлӯи ӯ пайдо шудани Седрик аз дастаи “Сутгемптон” ва Жозе Фонте аз “Вест Хем” бо Элизеу аз “Бенфика”, ки дарси маҳоратро аз клубҳои “Латсио” ва “Малага” омӯхтааст, сармураббии дастаи мунтахаби Португалия Фернанду Сантушро қаноатманд мекунад.

Хати нимҳимоя бо роҳбарии Вилям Карвалю, ки намояндагиро аз КФ “Брюге” дорад, бо ҳамсолонаш Жуан Мариу аз “Вест Хем Юнайтед”, Андре да Силва ва Бернарду да Силва симои худро дигар мекунад. Бернард да Силва дар дастаи “Манчестер Сити” ҳам дар ҳама вохӯриҳо ба майдон меоянд. Андре де Силва соли гузашта аз дастаи “Порту” ба “Милан” гузашт. Ҳамин тавр, дар даста бозингарони моҳир, аз қабили Антунеш, Андре Гомеш, Данилу Перейра, Бруно Фернандеш, Рикарду Куарежма, Эдер дилу ҷони дастаи мунтахаби Португалия ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони зиёд солҳои охир дастаи мунтахаби Португалияро боз ҳам пурзӯр менамоянд. Нелсон Самедуи 24-сола дар дастаи “Барселона” ба ҳайси муҳофизатгар бозӣ мекунад. Дар ҳайти дастаи мунтахаб 8 бозӣ гузаронидааст.

Сармураббии ин даста Фернанду Сантуш аз соли 2014 инҷониб дастаи мунтахаби Португалияро тамрин медиҳад. Дастаи мунтахаби Португалия ҷои зисти худро дар давраи Чемпионати ҷаҳон -2018 дар Кратов интихоб кардааст.

Акнун ба роҳи тайкардаи дастаи мунтахаби Испания рӯ меорем.

Дастаи мунтахаби Испанияро  қуръакашӣ ба гурӯҳи ” G” бо дастаҳои мунтахаби Италия, Албания,  Исроил,  Лихтенштейн  ва Македония бо ҳам овард. Испаниҳо баръакси Португалия дар авалин вохӯриашон дастаи мунтахаби на он қадар пурқуввати Лихтенштейнро бо нишондоди 8:0 тӯборон карданд. Бозии дуввум барои онҳо душвор омад. Италия, ки даъвогари роҳхати мустақим ба бозиҳо буд, дар майдонаш  ба Испания муқобилияти сахт нишон дода,  онро бо ҳисоби 1:1 ҷамъбаст кард. Дар давоми мусобиқа футболбозони Испания сари роҳи худ дастаҳои мунтахаби Алабнияро дар ду бозӣ 2:0 ва 3:0, Македонияро 4:0 ва 2: 1, Исроилро 4:1 ва 1:0, Лихтенштейнро бори дигар бо ҳисоби 8 :0 ва Италияро дар майдонашон бо нишондоди  3:0  шикаст доданд. Дар маҷмӯъ “Фураҳои сурх “ (дастаи мунтахаби Испанияро чунин меноманд) аз 10 вохӯрӣ мисли Португалия дар 9- тоаш ғалаба карда, як бозиро мусовӣ ба поён расониданд ва бо касби 28 имтиёз ва таносуби тӯбҳои 36 — 0 соҳиби ҷои аввал шуданд.  Дар гурӯҳ испаниҳо Италияро ба сӯи маҳрумбозиҳо равон карданд. Аҷиб он буд, ки Испания ҳарчанд ба дарвозаи ҳарифони худ шумораи зиёди тӯбҳоро равон карда бошад ҳам, ягон нафари нишонзанҳои ин даста ба қатори пешсафон ҷойгир нашуд. Якбора ба чор бозингари ин даста  Иско, Диего Коста, Алваро Мората ва Давид Сива муяссар гардид, ки ба дарвозаи рақибон 5- голӣ зананд.

Дар дастаи мунтахаби Испания солҳои қаблӣ футболбозоне ҳунарнамоӣ кардаанд, ки номашонро то ҳанӯз мухлисони футбол аз ёд набаровардаанд. Кӣ  Субисарета, Эмило Бутрагено, Фернандо Торес, Икер Касиляс ва Карлес Пуйолро намешиносад? Сарзамини Испания низ  дар ҷаҳони футбол номҳоеро ба майдон овардааст, ки дар ривоҷу равнақи ин бозӣ саҳми худро гузоштаанд. Имрӯз низ дар ҳайати ин даста ситораҳои дурахшон ҳунарнамоӣ доранд

Имрӯз дар дастаи мунтахаби Испания Серхио Рамос  ва ё Андрес Инеста беҳтаринанд?  Албатта, барои ба ин савол ҷавоб гирифтан маводи зиёдеро мутолиа ва таҳлил кардан зарурат дорад. Мо аз капитани ҳозираи дастаи мунтахаби Испания, беҳтарин муҳофизатгари ҷаҳон,  аз Серхио Рамос шиносоиро оғоз  мекунем. Ӯ чӣ дар мавқеи муҳофизатгари канорӣ ва чӣ марказӣ баробар бозӣ мекунад. Ба як маъно, касбияти баланди худро дар ҳама мавқеъ нишон дода метавонад. Дар дастаи мунтахаби Испания аз соли 2005 баромад дорад ва ҳоло ин дастаро бе Рамос тасаввур кардан нашояд. Барои Серхио Рамос ин чемпионати ҷаҳонӣ охирин хоҳад буд, инро ҳунарнамоии ӯ дар майдонҳои футбол нишон медиҳад. Дар ҳайати дастаи Реали Мадрид 500 вохӯрӣ гузаронида, муаллифи 72 гол шудааст. Ду карат чемпиони Аврупо ва Чемпиони ҷаҳон, дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Конфедератсияи буда, чор карат чемпиони Испания, ду карат соҳиби Ҷоми Испания, се карат Суперҷоми ин кишвар, се карат ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо, ҳамин миқдор ҷомҳоро дар Суперҷоми Аврупо ва Чемпионати ҷаҳон байни клубҳо болои сар бардошатааст. Серхио Рамосро мухлисон “Малик” ё “Шоҳ”-и дақиқаи 93-ум меноманд. Ин аз он хотир аст, ки Рамос дар дақиқаҳои охири бозиҳо барои задани гол ба назди дарвозаи ҳарифон меояд ва гол мезанад. Дар бозори гузариш арзишаш ба 40 миллион евро баробар асат.

Андрес Инеста дар дастаи мунтахаби Испания соли 2010 дар финали бозиҳо чун ситора дурахшид ва голи задаи ӯ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Ҳоланд дар дақиқаи 116-уми қисми иловагӣ ӯро мӯътабар гардонд. Дарвозабони ҳоландиҳо Мартен Стекеленбург дар назди зарбаи ӯ моту маҳбут шуд.  Андрес бо Серхио Рамос ҳамсоланд. Ӯ дар миёни футболбозон аз ҳама унвону дастовардҳои зиёдро комёб гардидааст. Солҳои қаблӣ вазифаи капитани дастаи мунтахаби Испания бар дӯши ӯ буд. Яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон дар таърих ба шумор меравад. Агар Рамос дар дастаҳои “Севиля”ва “Реал” бозӣ карда бошад, пас Инеста танҳо дар  як даста — Барселона то ба имрӯз ҳунарнамоӣ мекунад. Аз соли 2000-ум узви дастаи мунтахаби Испания мебошад. 123 вохӯрӣ гузаронида, 13 гол задааст. Унвони чемпиони ҷаҳон, ду карат чемпиони Аврупо, ҳашт карат чемпиони Испания, панҷ карат соҳиби Ҷом, 7 маротиба барандаи Суперҷом,  чор маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо, се маротиба суперҷоми Аврупо ва се маротиба барандаи медалҳои тиллои Чемпионати ҷаҳон байни клубҳо корномаи ӯро рангин мекунанд. Ба замми ин ӯ борҳо беҳтарин футболбози мусобиқоти сатҳи гуногун гардида,  бо унвонҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Чемпионати ҷаҳони соли 2018 барои Инеста низ охирин хоҳад буд.

Бозингари хати миёна Серхио Бускетс ҳам мартабааш дар дастаи мунтахаби Испания боло аст. Ӯ таҳти рақами 5 майдондорӣ мекунад. Узви дастаи “Барселона”. Аз соли 2008 ба дастаҳои мунтахаб ҷалб шудааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаб 102 вохӯрӣ доир карда, муаллифи 2 гол гардидааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Испания ва клуби Барселона ба як қатор дастовардҳо ноил шуд.

Дар бозии футбол дилу гурдаи муҳофизатгарон -ин дарвозабон аст. Агар онҳо донанд, ки баъди онҳо шахси мӯътамеде ҳаст, ки хатояшонро ислоҳ мекунад, дилпурона бозӣ мекунанд. Давид де Хеа аз дарвозабонҳои беҳтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ дар дастаи “Манчестер Юнайтед” афсонаи дарвозабонҳо -Ван дер Сарро иваз намуд.

Ҳунарашро дар дастаи “Атлетико”-и Мадрид нишон дод ва ба узвияти ин даста шомил шуд. Баъди он ки Де хеа бо “Атлетико “ ба як қатор дастовардҳои намоён ноил шуда, баъди 48 сол Ҷоми Лигаи Аврупоро ба даст овард, дастаҳои номдор ба ӯ мароқ зоҳир карданд ва сер Алекс Вергюсон ӯро соли 2011 ба дастаи Манчестер Юнайтед овард ва шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.. Сейвҳои (радди тӯб, баргардонидани тӯб) олиаш аз як бозӣ то бозии дигар бештар мешуданд ва ӯ чун дарвозабоне пухта расид, ки ҷояш дастаи мунтахаби Испания буд. Дар ҳайати дастаи “Манчестер Юнайтед” 17 сентябри соли гузашта 100-умин бозии бе голашро таҷлил кард. Сармураббии дастаи мунтахаби Испания Висент де Боске де Хеаи ҷавонро ба ҳайати дастаи мунтахаб ҷалб кард. Ӯ аллакай дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Испания унвони чемпиони ҷаҳонро ба худ ихтисос дода буд. Соли 2012 дар бозиҳои олимпии Лондон низ иштирок кардааст. Де Хеа дар дастаи мунтахаби Испания Икер Касилясро иваз кард. Ӯ чемпиони Англия ва соҳиби Ҷомҳои ин кишвар буда, дар Лигаи Аврупо пирӯзӣ ба даст овардааст.

Нимҳимоятгари дастаи Манчестер сити Давид Силва аз хотири мо фаромӯш нашудааст. Ӯро бо тахаллуси “хитоӣ” мешиносанд. Дар 14- солагиаш ба ӯ дастаи “Реал”-и Мадрид таваҷҷуҳ зоҳир кард. Аммо қади пасташ боис шуд, ки ба дастаи “Валенсия” пайвандад. Дар он 118 бозӣ гузаронида, бо 22 голи задааш ба клуби “Эйбар” ва баъдан “Селта” раҳсипор шуд. Ниҳоят соли 2010 “Манчестер Сити” ӯро бо маблағи 28,5  миллион евро харидорӣ кард ва дар ин даста Давид Силва то ба имрӯз 241 бозӣ гузаронида, ба дарвозаи ҳарифон 44 гол задааст. Дастовардҳояш дар сатҳи дастаи мунтахаби Испания ба Серхио Рамос баробар мебошад.

Дар чемпионати Англия ду маротиба унвони қаҳрамониро соҳиб шуда, дорандаи медалҳои тиллои Ҷоми Испания ва Англия мебошад. Дар бозии тарҳаш 4 3 3 ба ҳайси вингер бозӣ мекунад. Зарбаҳояшро бо пои чап мезанад, аммо пои росташро  ҳам хуб истифода мебарад. Дар мавсими соли 2013-2014  ҳаштоду шаш ҳолатҳои головарро ба вуҷуд овардааст, ки ин нишондод баъди Самир Насрӣ дуввум ба ҳисоб меравад.

Дар дастаи мунтахаби Испания ҳамчунин бозингарони ҷавону шинохта Иско, Марко Асенсио, Начо  аз “Реал”-и Мадрид, Алваро Мората аз “Челсӣ”, Тяго Алкантара аз “Бавария”, Жерар Пике ва Хорди Алба аз “Барселона”, Алберто Морено аз “Ливерпул”, Пепе Рейна ва Хосе Калехон аз “Наполӣ”, Иляраменди аз “Реал Соседад” ҳар лаҳза метавонанд бо бозии зебояшон дар чемпионати ҷаҳони соли 2018 дурахшанд. Дар ҳақиқат бозии аввали байни дастаҳои мунтахаби Испания ва Португалия ба саволҳои зиёди мухлисон дар бораи кӣ чемпиони ҷаҳон мешавад, ҷавоб хоҳад гуфт.

Дастаи мунтахаби Испания  ҷои будубоши худро дар давраи бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Краснодар интихоб кард. Юлен Лапатегии 51-сола дастаи мунтахаби Испанияро ба бозиҳо омода кардааст. Лопатегӣ аз соли 2016 дастаи мунтахаби Испанияро машқ медиҳад.

Июнь 8, 2018 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад