Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ корхонаи «Мурғи Хуросон» ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон калонтарин корхонаи мурғпарварии «Мурғи Хуросон» мавриди баҳрабардории пурра қарор мегирад.
Дар ин бора муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон Саидхӯҷа Карим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, бунёди ин корхона дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Ҷӯрабеков дар масоҳати 22 гектар замин оғоз гардида, айни ҳол дар он корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
«Дар марҳилаи аввал ин соҳибкор бо ворид кардани таҷҳизоти муосир се коргоҳи онро фаъол сохта, 15 ҳазор чӯҷа ворид ва парвариши онро дар дохили корхонаи сохташаванда оғоз бахшид ва дар дигар қисматҳои корхона корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Тибқи лоиҳаи сохташаванда, бояд саршумори паранда ба 70-80 ҳазор сар расонида шавад»,- гуфт Саидхӯҷа Карим.
Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввал зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллии Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ба кор ҷалб шуда, дар сурати пурра ба кор оғоз намудани корхонаи парандапарварии «Мурғи Хуросон»-и ноҳияи Хуросон 80 нафар бошандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.










НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






