Дар Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Июнь 7, 2018 12:08

ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ»- таҳти чунин унвон 8 июн дар Кохи афсарони Душанбе  Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуда, дар кори он коршиносон  аз соҳаҳои гуногун, олимону муҳаққиқон, ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо ва ҳамчунин тавассути фосилавӣ коршиносон аз хориҷи кишвар ҷалб мегарданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, дар доираи Форум ҳамчунин  ярмаркаи соҳавии  ҷойҳои корӣ барои корҷӯён, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи ташкилотҳои марбута, ширкатҳои сайёҳӣ ва намоиши имкониятҳои таҳсил дар муаасисаҳои таҳсилоти олии мамлакат доир мешавад.

Ҳадафи Форум- ин тақвият  ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав дар ҷаҳони муосир мебошад.

 

 

Июнь 7, 2018 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад