Дар ноҳияи Сино боз як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода ва раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода иштирок карданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Назарова иттилоъ дода, зикр кард, ки ин дуюмин майдончаи варзишиву бозии кӯдакон аст, ки Гвардияи миллӣ бунёд мекунад.
«Дар партави сиёсати бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2017 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синоро ба зимма гирифта буд, ки онро дар масоҳати умумии 1600 м кв. ва дар муддати се моҳ ба маблағи 885 870 сомонӣ, бо сифати баланд ба истифода дод. Ҳамчунин дар атрофи майдонча дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда, роҳравҳои назди бинои истиқоматии ҳамшафат ҳамвор ва сангфарш карда шуд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ майдончаи мазкур бо гӯшаи сӯхторнишонӣ ва камераҳои мушоҳидавӣ таҷҳизонида шудааст»,- иброз дошт Хайриниссо Назарова.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ сохтмони мандончаҳои варзишӣ идома дошта, дар назар аст танҳо дар шаҳри Душанбе бештар аз сад майдончаи варзишӣ ба истифода дода шавад.










«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






