Дар шаҳри Қоҳира ҷамъияти тоҷикони Миср таъсис дода шуд

Июнь 4, 2018 13:09

ДУШАНБЕ, 04.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикони муқими Миср бо мақсади муттаҳидии ҷамъияти тоҷик, ҳифозат аз манофеи миллӣ, эҳёи фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои миллати тоҷикони бурунмарзӣ «Ҷамъияти тоҷикони Миср» таъсис доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини роҳбари ҷамъияти мазкур оид ба ҳамкорӣ бо ВАО ва равобити хориҷӣ Муҳаммадамини АБДУЛҲАМИД  иттилоъ дода, зикр кард, ки «Ҷамъияти тоҷикони Миср» ба муносибати таъсис ёфтан изҳорот қабул намудааст.

Дар матни изҳороти ҷамъият, аз ҷумла, омадааст: «Имрӯзҳо хоинони миллати тоҷик ва кишварҳои ба мо «дӯст» дар пайи халалдор намудани ҳаёти осоиштаи халқи тоҷик  буда, мубориза бо онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шахси равшанфикри тоҷик мебошад. Мо ҳеҷ вақт намегузорем, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳо ва кишвари ба ном «исломӣ» ифтихори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хоразмиву Берунӣ, Форобиву Умари Хайём ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷик ва номи миллату ин марзу бумро доғдор кунанд. Мо, тоҷикони муқими Миср ҳамчун шоҳид бадбахтӣ ва натиҷаи меваи талхи «исломи сиёсӣ»-и солҳои 2012-2013-ро дар Миср ба хубӣ мушоҳида кардаем ва аз пайомади сиёсати ба ном ҳизбҳои сиёсии «динӣ» хуб огоҳ мебошем».

Дар моҳи мубораки Рамазон ба чунин иқдом рӯ овардан ишорае ба аркони Ислом аст, ки ҳар яке аз онҳо миллатро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват мекунад ва таълимоташ ҳамеша зидди решаи парокандагиву тафриқаву ихтилофу низоъ будааст. Хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ҳама мусулмонони ҷаҳон бо ҳам муттаҳидона рӯза медоранду бо ҳам рӯза мекушоянд ва боз ҳам муттаҳидтару якпорчатар мешаванд.

Дар идомаи изҳорот омадааст: «Дар ин рӯзҳои мубораки Рамазон хушхабаре расид, ки аз эҳтимоми бузурги Сарвари кишвари мо ба таълиму тарбияи исломӣ мужда медиҳад ва итминон мебахшад. Хушхабар ин аст, ки Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе санги асоси бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро гузошт. Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад, ки боз ҳам далолати фазои озоди динӣ ва ғамхории давлат ба эътиқодоти мазҳабии мардум мебошад.

Аҳдофи аслии ҷамъияти навтаъсиси тоҷикони Миср аз инҳо иборат аст:

— дастгирии маънавӣ, моддӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, муҳоҷирони корӣ, тоҷирони ватанӣ ва меҳмононе ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миср меоянд;

— фароҳам овардани шароит барои фаъолият, зиндагӣ, донишомӯзӣ, касбомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ, ошкор сохтани неруи зеҳнии тоҷикони муқими Миср ва баҳрабарӣ аз он барои манофеъи миллӣ.

—  намояндагии манфиатҳои онҳо дар мақомоти давлатии мисрӣ, ҳукумати маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳои ин кишвар;

— таҳия ва татбиқи барномаҳои фарҳангӣ, эҳё ва нигаҳ доштани анъанаҳои неки миллӣ, одоту одобу ахлоқ ва суннатҳои тоҷикӣ;

— устувор гардонидани дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ миёни тоҷикон ва мисриён, пешгирии тафриқаандозӣ, ноиттифоқӣ ва  низоъҳои иҷтимоъӣ, миллӣ ва динӣ;

— бо ҳадафи ошно кардани фарҳанги тоҷик ва таърихи он ба мардуми кишварҳои араб ва бавижа, аҳли Миср, омода намудани барномаҳо, маншураҳо, маълумот ва чорабиниҳо бо истифода аз воситаҳои техникии муосир.

Ҷамъият масъалаҳои дигари марбут ба ҳамватанонро низ ҳал мекунад.

Мо бо миллати худ, забони худ, исломи ҳанафии муътадили худ ифтихор мекунем. Ватани худро дӯст медорем, давлатро дастгирӣ мекунем ва бар зидди ҳама бадхоҳони дохиливу хориҷӣ устувор хоҳем буд».

Саҳифаи расмии ҷамъият дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук чунин аст: https://www.facebook.com/tojikonimisr/.

 

Июнь 4, 2018 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид