Дар шаҳри Ваҳдат бинобар никоҳи хешутаборӣ таваллуди 7 нафар кӯдаки маъюб ба қайд гирифта шудааст

Июнь 29, 2018 10:42

ВАҲДАТ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Ваҳдат 2030 нафар тифл таваллуд шудаанд, ки аз ин шумора 1799 нафар солим буда, 17 нафар  бо нуқсонҳои модарзодӣ ва маъюб таваллуд шудаанд.

Табиби шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Ҳамдам Давлатов гуфт, ки зимни ташхиси санҷишҳои зарурӣ маълум гардид, ки сабаби асосии бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани 7 нафар кӯдакон никоҳи хешутабории волидайни онҳо мебошад, ки солҳои пеш хонадор шудаанд.

Тибқи иттилои мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат Муслима Саъдуллозода, соли равон 1133 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он никоҳҳои хешу таборӣ  вуҷуд надоранд. Иҷозати тӯйи ҳар як шаҳрванд дар асоси маълумотномаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо дода мешавад, ки  он ҷо хешу табор будани домоду арӯс муайян мегардад.  Мутахассисони САҲШ дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  оид ба оқибатҳои нохуши никоҳҳои хешутаборӣ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. Дар натиҷаи баланд гардидани маърифати фарҳангии мардум имрӯзҳо никоҳҳои хешутаборӣ ба қайд гирифта намешаванд.

Қонунгузории ҷумҳурӣ барои пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи байни хешовандони наздикро манъ намуда, гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро ба роҳ мондааст.  Инчунин  бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос гардидани навхонадоронро ҷорӣ намуд, ки ин амал миёни сокинони ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.

Июнь 29, 2018 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад